Феврал 08, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисҷумҳӯри Узбакистон бар тавсиаӣ ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Чин
    Таъкиди раисҷумҳӯри Узбакистон бар тавсиаӣ ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Чин

Раисҷумҳӯри Узбакистон дар дидор бо сафири Чин бар аҳамияти таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Пекин таъкид кард.

Мирзиёев дар шаҳри Тошканд бо Ҷиёнг Ён сафири Чин дар ин кишвар, ки маъмурияти дипламатики худро дар ин кившар ба поён мерасонад дидор ва гуфтугӯ кард.

Раисҷумҳӯри Узбакистон дар ин дидор бо ризоятманди бар фаъолияти пурсамари сафир дар таҳкими равобити дӯстӣ ва шарокати роҳбурдии ҳамаҷонибаи Узбакистон ва Чин таъкид кард.

Дар ин дидор баёния ҳукми раисҷумҳӯри Узбакистон барои саҳми шахси ва дастёбӣ ба як сатҳи ҷадиди  ҳамкориҳои дуҷониба ба сафир "Ҷиён Ён" нишони олии давлати Узбакистон "Нишони дӯстӣ" эҳдо шуд.

Чин бузургтарин ҳамкори иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон аст. Ҳамакнун дар Узбакистон беш аз 700 ширкат бо сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодии ин кишвар фаъолият мекунанд.

Чин истиқлоли Узбакистонро 27-умир декабри 1991 мелодӣ ба расмият шинохт.

Бештар бихонед:

Барчасп