-
Таъини нахуствазири Узбакистон ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар
Сентябр 08, 2016 15:00Нахуствазири Узбакистон ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар таъин шуд.
-
Покистон пешниҳоди Туркманистонро барои эҷоди хати мустақими интиқоли барқ рад кард
Сентябр 07, 2016 14:34Покистон пешниҳоди нави Туркманистон барои сохти хати мустақими интиқоли барқ ба Покистонро напазируфта ва аз Туркманистон хостааст, дар сурати тамоюл барои содироти барқ ба Покистон, ба тарҳи КАСА-1000 (тарҳи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон) ҳамроҳ шавад.
-
Узбакистони пас аз Каримов дар маркази таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст
Сентябр 06, 2016 15:50Ҷумҳурии Узбакистон дар ҳоле ки аввалин рӯзҳои пас аз султаи бисту панҷсолаи Ислом Каримов, рисҷумҳури пешинашро пушти сар мегузорад, мавриди таваҷҷуҳи вижаи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
-
Таваҷҷуҳи Маскаву Вашингтон ба Тошканд
Сентябр 06, 2016 15:21Сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Даниел Роземблюм, мушовири вазири умури хориҷии Амрико ба Узбакистон гумоназаниҳоро дар мавриди талоши ин ду қудрати ҷаҳонӣ барои нуфузи бештар дар давлати ояндаи Тошканд бештар кардааст.
-
Ҳушдори як мақоми рус дар бораи паёмадҳои фармондеҳи ДИИШ таъйин шудани Ҳалимов
Сентябр 06, 2016 14:38Як мақоми собиқи Хадамоти амнияти Русия интисоби Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷикро ба мақоми фармондеҳи низомии ДИИШ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ нохушоянд унвон кард.
-
Боздошти аъзои як гурӯҳи террористӣ дар Қазоқистон
Сентябр 06, 2016 13:46Аъзои як гурӯҳи такфирӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба иттиҳоми талош барои рабудани як ҳавопаймо ва анҷоми ҳамалоти террористӣ боздошт шуданд.
-
Путин дар Самарқанд
Сентябр 06, 2016 12:37Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо сафар ба Самарқанд зимни адои эҳтиром ба мазори Ислом Каримов ба хонаводаи раисҷумҳури фақиди Узбакистон изҳори ҳамдардӣ кард.
-
Нигоҳе ба ояндаи сиёсии Узбакистон пас аз марги Ислом Каримов
Сентябр 04, 2016 16:20Ин рӯзҳо баҳсҳо дар бораи ояндаи сиёсии Узбакистон пас аз марги раиси ҷумҳурии ин кишвар дар сархатти расонаҳои минтақа аст.
-
Дидгоҳи Раҳматилло Зоиров дар бораи вазъи Узбакистон
Сентябр 04, 2016 04:21Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо ишора ба даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон гуфт, акнун барои нухбагони сиёсии ин кишвар фурсате фароҳам шудааст, то бо нигоҳ ба амалкарди қаблии худ дар бораи оянда тасмими дуруст бигиранд.
-
Даргузашти раисҷумҳури Узбакистон
Сентябр 03, 2016 15:02Саранҷом, пас аз 5 рӯзи эъломи аввалин хабари даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон аз сӯйи бархе манобеи хабарии русӣ мақомоти Тошканд рӯзи ҷумъа (2 сентябр) расман ин хабарро таъйид карданд.