Июл 10, 2023 21:04 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи парлумони Ироқ: Иқдомоти Амрико омили ташдиди буҳрони барқ дар Ироқ аст
    Намояндаи парлумони Ироқ: Иқдомоти Амрико омили ташдиди буҳрони барқ дар Ироқ аст

Яке аз намояндагони парлумони Ироқ таъкид кард яке аз далелҳои бад шудани вазъияти ин кишвар ва ба вуҷуд омадани буҳрони барқ дар Ироқ дастҳои пуштипардаи Амрико аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Алсаъбари аз намояндагони парлумони Ироқ гуфт: Буҳрони барқ ва қатъ шудани он ба муддати ду то чаҳор соат дар тули руз бо таваҷуҳ ба ин ки фасли гармои тобистонро сипари мекунем қобили қабул нест ва боис шуд умеди шаҳрвандони кишвар ноумед шавад.

Алсаъбари афзуд: Далелҳои зиёди боиси ба вуҷуд омадани ин буҳрон дар Ироқ шуд, ки ҳамаи онҳо дохил нест ширкатҳои хориҷӣ ва мушкили пулҳои Эрон ки ба далели таҳримҳои Амрико ба дасти Теҳрон нарасид боиси бад шудани ин буҳрон шуда аст далели дувум ҳам тавақуфи фаъолиятҳои дакалҳои барқ дар Ироқ аст.

Дар ҳамин иртибот эътилофи чорчуби ҳамоҳанги аз давлат хост бо музокироти бо Вашенгтон заминаи бозпардохти маъқлоти молии давлати Ироқ барои воридоти газ аз Эронро фароҳам кунад.

Барчасп