Сентябр 01, 2023 19:31 Asia/Dushanbe
  • Сайидҳасан Насруллоҳ : Муқовимат дар қавитарин вазъият қарор дорад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар дидори вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт:Имрӯз муқовимати Лубнону Фаластин дар қавитарин вазъият қарор дорад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе ва дар идомаи сафарҳои минтақаии худ вориди фурудгоҳи Бейрут шуд ва мавриди истиқболи мақомоти ин кишвар қарор гирифт.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе ҳам бо сафар ба Сурия бо раиси ҷумҳурӣ,нахуствазир ва мақомоти ин кишвар дидору гуфтугу карда буд.
Ба гузориши хабаргузории Форс ; Сайидҳасан Насруллоҳ дар ин дидор таъкид кард агар аз саҳюнистҳо рафтори хатое сар занад, бо вокуниши пушаймонкунандаи муқовимат мувоҷеҳ хоҳанд шуд .
Сайидҳасан Насруллоҳ бо ишора ба нақши созандаи Эрон дар қиболи минтақаву Лубнон бо гиромидошти ёду хотираи шуҳадои муқовимати минтақа, Лубнон ва Эрон нақши сардор Сулаймониро дар тасбити амнияти минтақа дар муқобила бо саҳюнизму тероризм фаромӯшношуданӣ хонд .
Амирабдуллоҳиён ҳам дар ин дидор дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнонро дар ҷараёни гуфтугӯҳои ахири худ бо мақомоти Арабистони саъудӣ қарор дод ва онро мусбат арзёбӣ кард.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон афзуд раванди иҷрои тавофуқоти дуҷониба шохисе бар нигариши ду кишвар дар сафҳаи ҷадиди муносиботи Теҳрон ва Риёз хоҳад буд .
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бо ишора ба музокироти худ бо раиси ҷумҳӯри Сурия ва мақомоти аршади ин кишвар тасреҳ кард, ки дар шароити бозгашти равобити Сурия ба ҳолати табиӣ бо кишварҳои арабӣ, таҳаррукоти бегона дар фаъол сохтани террористҳо дар Сурия нишонгари аҳдофи душманону режими саҳюнистӣ алайҳи Сурия ва амнияти минтақа аст.
 

 

Барчасп