Сентябр 28, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бораи ҳодисаи дарднок дар Найнавои Ироқ

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе ба ҳодисаи дарднок дар устони Найнавои Ироқ вокуниш нишон дод.

Дар паи вуқуъи оташсӯзии шаби гузашта дар як толори арӯсӣ дар шаҳраки Алҳамдония, воқеъ дар устони Найнавои Ироқ 450 нафар куштаву захмӣ шуданд.
Бархе манобеи ғайрирасмӣ низ шумори қурбониёнро 120 кушта ва беш аз 300 захмӣ эълом карданд.
Ба гузориши шабакаи Алманоризбуллоҳи Лубнон дар ин бора бо судӯри баёнияе эълом кард : Ҳизбуллоҳ маротиби ҳузну таассуфи худро аз ҳодисаи дардноке, ки дар Ироқ рух дод иброз медорад .
Дар баёнияи Ҳизбуллоҳ ба мароҷеъи динӣ, раҳбарони сиёсӣ, давлату миллати Ироқ ва бозмондагони қурбониён таслият гуфта шуда ва маротиби ҳамдардӣ иброз дошта шудааст . Ҳизбуллоҳ дар баёнияи худ аз Худованди мутаъол барои ҷонбохтагон раҳмати восеъаи илоҳӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил талабидааст .
Дар ин баёния ҳамчунин Ҳизбуллоҳ хостори дур шудани ҳар гуна балову шар аз миллати Ироқ шудааст.
Гуфтанӣ аст ба дунболи вуқуъи ин оташсӯзӣ  як ҳафта азои умумӣ дар ин устон эълом шудааст.
Созмони дифои мадании Ироқ далели оташсӯзиро бар асоси иттилооти аввалияи ба дастомада ва видеое ки дар даст аст, истифода аз васоили оташбозӣ дар маросими ироқӣ ва густариши доманаи он эълом кардааст.
 

 

Барчасп