Октябр 14, 2023 12:13 Asia/Dushanbe
  • Омори шаҳидон дар навори Ғазза ва Каронаи бохтарӣ аз 1950 тан фаротар рафт

Вазорати беҳдошти Фаластин бо интишори баёнияе аз шаҳодати наздик ба ду ҳазор нафар дар навори Ғазза ва Каронаи бохтарӣ зарфи як ҳафтаи ахир ва захмӣ шудани беш аз ҳашт ҳазор тани дигар хабар медиҳад.

Неруҳои муқовимати Фаластин аз шанбеи гузашта амалиёти ҳамаҷониба ва беназире бо номи « Тӯфони Алақсо »-ро аз Ғазза ( ҷануби Фаластин ) зидди мавозиъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз кардаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия, бино бар эъломи Вазорати беҳдошти ташкилоти худгардони Фаластин, шумори шаҳидони ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз бомдоди шанбе то шомгоҳи ҷумъаи ҳафтаи ахир ба 1 900 тан аз ҷумла 614 кӯдак ва 370 зан афзоиш ёфтааст.
Вазорати беҳдошти Фаластин бо судӯри баёнияе дар ин бора таъкид кард дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза дар вокуниш ба амалиёти неруҳои Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар сарзаминҳои ишғолӣ таҳти унвони « Тӯфони Алақсо » низ камаш 7696 тани дигар захмӣ шуданд.
Ин вазоратхона дар баёнияи дигаре низ аз шаҳодати 16 фаластинӣ дар рӯзи ҷумъа дар чанд устони Карона бохтарии руди Урдун аз ҷумла Байтулмуқаддаси ишғолӣ ба зарби гулӯлаи неруҳои артиши режими саҳюнистӣ хабар дода ва эълом кард бо муҳосибаи онҳо шумори шуҳадо дар Каронаи бохтарӣ аз оғози мавҷи кунӯнии ташдиди таниш дар бомдоди шанбеи гузашта то кунун низ ба 51 тан расидааст.
Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Фаластин низ ба навбати худ тасдиқ кард, ки коркунони он дар рӯзи ҷумъа дар Каронаи бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси ишғолӣ ба 296 масдӯм аз ҷумла 97 захмӣ ба зарби гулӯлаи воқеӣ ва 19 тани дигар низ бо гулӯлаи палостикӣ расидагӣ карданд то омори захмиҳои минтақаи мазкӯр аз шанбеи гузашта то кунӯн ба 953 нафар бирасад.
Гуфтанӣ аст ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза дар ҳоле идома дорад, ки ишғолгарони саҳюнист монанди ҳамеша даст ба ҷинояти наслкушӣ зада ва бо истифода аз бомбаҳои дорои фосфор дар миёни сукути маҷомеъи байналмилалӣ ба ҷиноёти худ дар Ғазза идома медиҳанд.
 

 

Барчасп