Октябр 14, 2023 18:30 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди Ҳамос аз мавзеи Путин дар қиболи таҷовузоти саҳюнистҳо дар Навори Ғазза

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) аз мавзеи раисиҷумҳури Русия ва талоши Маскав барои таваққуфи таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин қадрдонӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин бо қадрдонӣ аз мавзеи Владимир Путин, раисиҷумҳур дар қиболи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба мардуми мазлӯми Навори Ғазза, талошҳои Маскав дар ростои ҳалу фасли хушунатҳоро мавриди тамҷид қарор дод.

Дар баёнияи муқовимати исломии Фаластин омадааст: Ҳамос аз мавзеи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар бораи таҷовузи ҷории саҳюнистҳо алайҳи мардуми мо ва ин воқеият, ки ӯ муҳосираи Навори Ғазза, таваққуфи вуруди кумакҳои башардӯстона ва ҳамла ба ғайринизомиёни ғайримусаллаҳро намепазирад, қадрдонӣ мекунад.

Дар идомаи ин баёния омадааст: ҳамчунин аз талошҳои бевақфаи Русия дар ростои таваққуфи таҷовузоти систематӣ ва ваҳшиёнаи саҳюнистҳо алайҳи мардуми Фаластин дар Навори Ғазз, истиқбол мекунем.

 

Барчасп