Октябр 24, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Оғози даври нави ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Артиши режими саҳюнистӣ дишаб ( душанбе ) бо оғози мавҷи наве аз ҳамалот ба ғайринизомиён дар навори Ғазза манотиқи мухталифе аз ин борикаро ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши рӯзи душанбеи ИРНА, артиши режими саҳюниситӣ шаби гузашта дар даври нави ҳамалоти худ маҳаллаи Таллҳаво, атрофи маҳаллаи шайх Ризвон ва масҷиди Ансор дар шаҳри Ғазза ва масҷиди Мусаллам дар шаҳри Байтлоҳиёро бомбаборон кард.
Ин ҳамлаҳо  ба шаҳиду захмӣ шудани шуморе аз шаҳрвандон ва ба вижаи кӯдакону занони бегуноҳи фаластинӣ мунҷар шуд.
Шабакаи Алмаёдин низ эълом кард ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ як дорухонаро дар маркази шаҳри Ғазза ҳадаф қарор доданд.
 

 

Барчасп