Ноябр 06, 2023 11:32 Asia/Dushanbe
  • 88 кушта - бузургтарин талафоти ожонси UNRWA дар як набард
    88 кушта - бузургтарин талафоти ожонси UNRWA дар як набард

Манобеи хабарӣ бомдоди душанбе гузориш доданд, шумори коркунони ожонси имдодрасонӣ ва корёбии Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони фаластинӣ (UNRWA), ки дар Ғазза кушта шуданд, ба 88 нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, 88 нафар аз кадри ожонси UNRWA дар Ғазза кушта шудаанд, ки бузургтарин талафоти ин ожонс дар як набард будааст.

UNRWA гуфта буд, ҳамкорони СММ низ монанди бисёре аз сокинони навори соҳилӣ ҳамроҳ бо хонаводаҳои худ овора шудаанд ва ҳамчунон ба кори хастагинопазир барои ироаи кумакҳои башардӯстона идома медиҳанд.

Неруҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Алақсо” -ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи Тел – Авив оғоз карданд ва режими саҳюнистӣ барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Ҳимояти Ғарб аз режими Исроил ба баҳонаи дифоъ аз худ, амалан чароғи сабзу муҷаввизе барои ин режим дар идомаи куштори бераҳмонаи кӯдакону занони фаластинӣ будааст.

 

Барчасп