Январ 02, 2024 11:24 Asia/Dushanbe
  • филм / Вазири хориҷаи Яман: Шаҳид Сулаймонӣ «меҳвари муқовамат»-ро мондагор кард

Вазири хориҷаи давлати Наҷоти миллии Яман гуфт:Мактаби шаҳиди Сулаймонӣ монанди мадрасае, гурӯҳҳои муқовамати исломиро дар минтақа қудратманд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳишом Шараф Абдуллоҳ-вазири хориҷаи Яман ба муносибати чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд, ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори Эронпресс дар Санъо дар бораи нақши ин фармондеҳи шаҳид дар густариш ва тавонмандии муқовимат тасреҳ кард, шурӯъкунандаи роҳи муқовимат дар минтақа, шаҳид, сардор Сулаймонӣ буд.

 Вазири хориҷаи давлати Наҷоти миллии Яман таъкид кард, гурӯҳҳои муқовимат бо доштани чунин мактаб ва пойгоҳ қавӣ, амалиёти Тӯфони ал-Ақсо дар Фаластини ишғолӣ ва амалиёти низомӣ дар дарё(баҳр)и Сурхро дар болотарин сатҳ ба намоиш гузоштанд.

 Шараф Абдуллоҳ изҳор кард: Густариши фарҳанги Инқилоби исломӣ дар сатҳи ҷаҳони Ислом ва талошҳои шаҳид, сардор Сулаймонӣ барои омӯзиши неруҳои инқилобӣ метавонад тағйирдиҳандаи таҳаввулот бошад ва ин муҳим дар қудратнамоии меҳвари муқовимат бозтоб ёфтааст.

 Вазири хориҷаи давлати Наҷоти миллии Яман афзуд,ки ҳузури шаҳид Сулаймонӣ дар Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳо ба неруҳои меҳвари муқовамат ва раҳбарони онон қудрат ва шаҳомат медод, то таҷриба ва иттилоот касб кунанд.

 Ҳишом Шараф Абдуллоҳ гуфт: Ҳар кас зиндагинома ва андешаҳои шаҳид Сулаймониро бихонад мутаваҷҷеҳ хоҳад шуд, ки роҳи ин фармондеҳи шаҳид бо террор аз байн нахоҳад рафт.

 Вай афзуд, шаҳид Сулаймонӣ тавонист бо фарҳанги муқовимат, фарҳанги тадбир гомҳои мондагор бардорад ва акнун натоиҷи он дар сатҳи меҳвари муқовимат намоён шудааст.

Ҳишом Шараф Абдуллоҳ бо баёни инки шаҳид Сулаймонӣ назди ҷаҳониён намоди муқовимат будааст изҳор кард: Ин фармондеҳи шаҳид аз диловарони муқовимат буд ва ному хотираи шаҳид Сулаймонӣ барои ҳамеша дар ёдҳо хоҳад монд.

 

Барчасп