Январ 14, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон мавозиъи низомиёни артиши режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод
    Ҳизбуллоҳи Лубнон мавозиъи низомиёни артиши режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод

Мавозиъи артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли арозии ишғолӣ аз суи Ҳизбуллоҳи Лубнони ҳадаф қарор гирифт.

Бо оғози амалиёт Туфони алақсо тавассути гуруҳҳои муқовимати Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ростои саргармкардани бахши умдаи аз низомиёни саҳюнист дар шимоли Фаластин ва коҳиши фишор бар муқовимат дар Ғазза иқдом ба анҷоми амалиётҳои рузона ва сангини зиди аҳдофи режими саҳюнистӣ дар дохили хоки Фаластин кардааст.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнӣ Алҷазира Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳимоят аз миллати пойдори Фаластин дар борикаи Ғазза таҷаммуъи низомиёни артиши режими саҳюнистиро дар "Қалъаи ҳунин", "Талаи Алтиҳот", " Мескоф", "Руисот Алъилм" дар теппаҳои ишғолии Кафаршубо ва ҳамчунин подгони "Баронит" шимоли арозии ишғоли ҳадаф қарор дод.

Дар ҳаминҳол ҷангандаҳои артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ атрофи шаҳраки "Ёрин" ва шаҳраки "Мис Алҷабал" дар ҷануби Лубнонро бомбаборон карданд.

Тупхонаи артиши режими саҳюнистӣ низ атрофи минтақаи "Ҳомул" шаҳраки Алноқураҳ, шаҳраки "Алхаём" ва минтақаи "Маруҳин" дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор дод.

Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин атрофи шаҳраки Кафаршуборо бо бомбҳои фосфори ҳадаф қарор дод.

Барчасп