Январ 27, 2024 17:21 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти тахриби ёдгориҳои тамаддуни исломӣ ва наслкушӣ дар Ғазза+ гузориш

Раисон ва намояндагони иттиҳодияҳои исломии масҷидҳо ва созмонҳои ғайридавлатии Малайзия ба қатъи наслкушӣ ва ҷилавгирӣ аз тахриби масҷидҳо дар Ғазза ҳамчун осори тамаддуни исломӣ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, намояндагони иттиҳодияҳои исломии масоҷид ва созмонҳои ғайридавлатии Малайзия дар нишасти ҳабастагӣ бо масҷиди Ал-Ақсо дар Куала-Лумпур, пойтахти ин кишвар, бо ишора ба бомбгузории беш аз ҳазор масҷид аз сӯи режими саҳюнистӣ бар таваққуфи наслкушӣ ва пешгирӣ аз амалиёти вайрон кардан ва тоза кардани ёдгориҳои тамаддуни исломӣ дар Навори Газза таъкид карданд.

Бар асоси баёнияи ниҳоии иҷлоси ҳамбастагӣ бо масҷиди Ал Ақсо, сарони анҷуманҳои исломии 6500 масҷиди саросари Малайзия ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ва тахриби беш аз ҳазор масҷид дар Навори Ғаззаро маҳкум карданд.

Ҳамчунин, гурӯҳҳои мардумниҳоди ин кишвар бо роҳандозии як маъракаи сартосарӣ барои наҷоти Ал-Ақсо, зимни эъломи ҳамбастагӣ бо Фаластин, мардуми Малайзияро дар иёлатҳои мухталиф барои ҷамъоварӣ ва ирсоли кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ ба Навори Ғазза сафарбар кардаанд.

Режими саҳюнистӣ аз 7 октябри соли 2023 ба ҳамлаҳои густардаи Навори Ғазза, ки беш аз 26 000 фаластиниро кушта ва беш аз 64 000 нафари дигарро захмӣ кардааст, бо вуҷуди мухолифат ва маҳкумияти байналмилалӣ ин ҳамалот идома дорад.

 

Барчасп