Феврал 20, 2024 20:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Озодии асирони саҳюнист ҳазина дорад
    Ҳамос: Озодии асирони саҳюнист ҳазина дорад

Муовини ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" гуфт: Озодии асирони саҳюнистӣ ҳазинаҳое дорад ва режими ишғолгар муваззаф ба пардохт ин ҳазинаҳо аст.

Халил Алҳия муовини ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" рузи сешанбе дар гуфтугу бо шабакаи телевизионии Алҷазира бо баёни ин ки озодии асирони режими саҳюнистӣ ба шарти пардохти ҳазина аст афзуд: Кумакрасони ба миллати Фаластин ва бозгашти зиндагии табиъӣ, таваққуфи таҷовуз ва озодии 10 ҳазор асири фаластинӣ аз зиндонҳои ишғолгарон, баҳоии озодии асирон саҳюнист аст.

Алҳия хитоб ба хонаводаҳои асирони саҳюнист низ гуфт: Сарнавишти ин асирон барои Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ аҳамиятӣ надорад артиши ин режими онҳоро ба ҳамроҳи миллати Фаластин бомбаборон мекунад, зеро Натаняҳу мехоҳад ҳамаи онҳо кушта шаванд.

Ин мақоми фаластинӣ дар бораи музокирот барои барқарории оташбас низ эълом кард Натаняҳу ҳафтаи гузашта аз он чи дар Порис тавофуқ шуда буд ақибнишинӣ кард ва режими ишғолгар имруз бо дуруғ ва орзуҳое, ки муҳаққақ нахоҳад шуд ҷангро тулони мекунад.

Муовини раиси ҷунбиши Ҳамос таъкид кард муборизони муқовимат пас аз гузашти ҳудуди панҷ моҳ аз ҷанг ҳамчунон дар ҳоли таъқиби неруҳои ишғолгар ҳастанд.

Барчасп