Феврал 24, 2024 20:17 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти Ҳизбуллоҳ алайҳи чанд пойгоҳи артиши режими саҳюнистӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳадаф қарор додани як шаҳраки низомӣ ва саҳюнистнишин ва се пойгоҳи низомиёни саҳюнист хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ду паҳподи интиҳорӣ маҳали шӯрои минтақаии «Ал Ҷалил» дар шаҳраки низомӣ ва саҳюнистнишини «Кариёти шамуна»-ро дар посух ба ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба манотиқи маскӯнӣ дар ҷануби Лубнон ҳадаф қарор дод.

Чанд пойгоҳи режими саҳюнистӣ якбор бо мӯшакҳои ҳидоятшаванда ва дуюмин бор бо мӯшакҳои “беркон” ҳадафи ҳамалоти Ҳизбуллоҳ қарор гирфтанд.

Бар асоси ин гузориш, Ҳизбуллоҳи Лубнон саҳнаҳое аз ҳадаф қарор додани мақари фармондеҳии типи шарқии 769 артиши режими саҳюнистӣ дар пойгоҳе дар шимоли Фаластини ишғолиро мунташир кард.

Дар амалиёте дигар неруҳои муқовимат таҷаммуъи низомиёни саҳюнистро дар минтақаи «Кубаро» бо ду фарванд мӯшаки беркон ҳадаф қарор доданд.

Неруҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон бомдоди рӯзи ҷумъа ҳам подгонеро дар баландиҳои Ҷавлони ишғолӣ ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор доданд.

Гуфтанист, ҷангандаҳо, паҳподҳо ва тӯпхонаи режими саҳюнистӣ низ ба 14 минтақа дар ҷануби Лубнон ҳамла карданд.

 

Барчасп