Феврал 24, 2024 17:45 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Инҳилоли онрово; тарҳи фиребкоронаи Натаняҳу барои фирор ба пеш
    Таҳлил: Инҳилоли онрово; тарҳи фиребкоронаи Натаняҳу барои фирор ба пеш

Нахуствазири режими саҳюнистӣ, барои фирор аз табаъоти шикаст муқобили гуруҳҳои муқовимати фаластини тарҳи инҳилоли ожонси имдодрасонии Созмони Милал барои оворагони фаластини-ро барои даврони пас аз ҷанг ба кабинаи амниятӣ ироа кардааст.

Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ, санад ва тарҳеро дар бораи даврони пас аз ҷанг дар борикаи Ғазза ба кабинаи амниятӣ ироа кардааст; санади Натаняҳу шомили инҳилоли ожонси имдодрасонии Созмони Милал барои оворагони фаластини ва ҷойгузинии он бо дигар ожонсҳои имдодии байналмилалӣ аст.

Ин тарҳ ҳамчунин шомили эҷоди як минтақаи амниятӣ дар борикаи Ғазза дар муҷовирати шаҳракҳои саҳюнистнишин ва баста шудани марзи ҷанубии Ғазза бо Миср аст.

Бар асоси тарҳе ки Натаняҳу ба кабинаи амниятӣ ироа кард, Исроил то замоне ки борикаи Ғазза халъи силоҳ нашавад, иҷозаи бозсозии онро нахоҳад дод тарҳҳои бозсозии Ғазза бар асоси тарҳи Натаняҳу бо буҷет ва раҳбарии кишварҳои мавриди қабули режими саҳюнистӣ иҷро хоҳад шуд.

Тарҳи Натаняҳу дар шароите ироа мешавад ки эътирозоти хиёбони дар сарзаминҳои ишғолии камокон идома дорад ва хониводаҳои асирони артиши режими саҳюнистии кабина уро ба нотавони барои озодии аъзои хониводаи худ муттаҳам мекунанд ва аҳзоби мухолифи режими саҳюнистӣ дар порлумон низ барномаи истизоҳи кабинаи кунуни ва баргузарии интихоботро дар авлавият қарор додаанд.

Кабинаи Натаняҳу аз оғози амалиёти "Туфони алақсо“ дар 7 октябри 2023 шикастҳои паёпайи артиши режими саҳюнистии муқобили гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар истисол қарор гирифта аст.

Натаняҳу пирузии сариъ бар гуруҳҳои фаластинӣ ва ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин “Ҳамос“ ва поёни сариъи ҷанг ва тасаллути комил бар ғаззаро ваъда дода буд дар шароите ки дар ҳафтаҳои ахири саҳюнистҳо дар ҷанги муқобили гуруҳҳои фаластинӣ бо шикастҳои паёпай ру ба ру шуданд ба шаклене ки сарони ин режим низ ба ин мавзу эътироф карданд.

Дар пайи матраҳ шудани ин тарҳ ташкилоти худгардони Фаластин низ мухолифати худро бо тарҳи мутаваҳҳимонаи нахуствазири режими саҳюнистӣ барои Ғаззаи пас аз ҷанг эълом кард.

Ташкилоти худгардони эълом кард: Тарҳи Натаняҳу ба манзалаи ба расмият шинохтани расмии ишғоли муҷаддади борӣкаи Ғазза ва таҳмили кантроли Исроил бар он аст ки қавиян бо он мухолифат мекунем.

Вазорати хориҷаи ташкилоти худгардони Фаластин ҳамчунин эълом кард: Тарҳи Натаняҳу талош барои ба даст овардани замони бештар барои иҷрои барномаи оворагии фаластиниҳо аст.

Кабинаи режими саҳюнистӣ, ки дар ҳафтаҳои ахири башиддат бо буҳрони машруъияти ру ба ру шуда аст барои фирор аз ин мавзу тарҳиро ироа дода аст ки бар фарзи иҷрошудани он барои мардуми Ғазза ва Фаластин натиҷае ҷузи маҳдудияти бештар нахоҳад дошт.

Режими саҳюнистӣ дар солҳои ахири борҳо бо беэътинои ба қатъномаҳои Созмони Милали сарзаминҳо ва манотиқи фаластиннишинро бо зури аслаҳаи ишғол ва заминҳои мутаъаллиқ ба соҳибони онро ғасб карда аст.

Иҷрои ин тарҳ ҳамчунин рафтори ғайринсонии саҳюнистҳоро ошкор мекунад ки барои ташдиди фишорҳо зидди мардум ва занон бедифо дар Ғазза бадунболи маҳдудкрдни фаъолияти ниҳодҳои имдодрасонии байналмилалӣ низ ҳастанд.

Барномаҳои таблиғӣ ва аҳдофи сиёсии сарони режими саҳюнистӣ дар солҳои ахир танҳо мушкилот ва маҳдудиятро зидди сокинони каронаи бохтарӣ ва Ғаззаи афзоиш дода аст.

Гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ бо огоҳи ва омодаги аз тувтеъаҳо ва нақшаҳои шувми сарони режими саҳюнистӣ азмии устувор ва ҷадди барои идомаи мубориза ва муқовимат доранд ва дар ин роҳ имруз ба навъе ҳамбастагӣ ва ваҳдати байни Ғазза ва каронаи бохтарӣ низ бавуҷуди омада аст.

Барчасп