Апрел 16, 2024 11:15 Asia/Dushanbe
  •  Манотиқи мухталифи Ғазза зери оташи сангини ишғолгарони саҳюнист

Дар ҳамлаи артиши режими наслкуши Исроил ба шаҳри Рафаҳ,ҷануби борикаи Ғазза камаш 4 нафар шаҳид ва шуморе захмӣ шуданд.

Ба гузориши торнамои Фаластин алявм, ҷангандаҳои режими наслкуши Исроил минтақаҳое дар Алнасирот, маркази борикаи Ғаззаро бомбаборон карданд.

 Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ масҷиди Шаҳидони Алфохура дар урдугоҳи Ҷиболиё , шимоли Ғаззаро низ ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла як нафар шаҳид ва 9 нафар захмӣ шуданд.

 Низомиён исроилӣ дар шарқи шаҳри Хон Юнус, ҷануби Ғазза низ иқдом ба тирандозӣ ба самти фаластиниён карданд.

 Вазорати беҳдошти Фаластин бо ишора ба идомаи ҳамлаҳои режими Исроил ба борикаи Ғазза эълом кард, ишғолгарон аз нахустин лаҳзаи ҷанг (ҳафтуми октябр) то кунун 155 маркази дармониро тахриб карданд ва ба 3 ҳазору 45 ҷиноят зидди ғайринизомиён даст заданд.

 Низомиён режими наслкуши Исроил дар Каронаи бохтарӣ ҳам ба манотиқе дар ин минтақа юриш бурда ва бо фаластинён даргир шуданд.

 Ҳамзамон бо идомаи ҷанги идомадор дар борикаи Ғазза ва ташдиди амалиёти артиши режими саҳюнистӣ, шаҳракнишинони ин режим низ ҳамалоти худ дар Каронаи бохтариро афзоиш доданд, ки бинобар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин дар Каронаи бохтарӣ 463 фаластинӣ шаҳид ва ҳудуди 4 ҳазору 750 нафар захмӣ шуданд.

 Артиши режими ишғолгари Исроил дар шабонарӯзи гузашта 7 куштор ва ҷиноят зидди хонаводаҳои фаластинӣ дар борикаи Ғазза муртакиб шудааст, ки дар ин ҳамлаҳо 68 фаластинӣ, ки бештари онон кӯдаку зан ҳастанд, шаҳид ва 94 нафар ҳам захмӣ шуданд.

 Вазорати беҳдошти Фаластин омори шуҳадои фаластинӣ дар борикаи Ғазза аз 7 октябр гузаштаро 33 ҳазору 797 нафар ва шумори захмиҳоро 76 ҳазору 465 нафар эълом кардааст.

 Наздик ба 8 ҳазор нафар нопадид ва зери овор ҳастанд ва талош барои берун кашидани пайкарҳои шаҳидон идома дорад.

Ҳамчунин 73 дарсад аз шаҳидон ва маҷрӯҳони ҷанг дар Ғазза зану кӯдак ҳастанд.

 

Барчасп