Апрел 17, 2024 17:55 Asia/Dushanbe
  • Ятим шудани 19 ҳазор кӯдаки фаластинӣ бар асари ҷиноятҳои Исроил дар борикаи Ғазза

Дар пайи ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза 19 ҳазор кӯдаки фаластинӣ бесарпараст (ятим) шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Созмони милал дар гузорише эълом кард: Беш аз 10 ҳазор зани фаластинӣ дар ҷанг ва ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

 Дар ин гузориш омадааст: Даҳҳо ҳазор зан ҳам дар натиҷаи ҳамалот ва бомбаборонҳои артиши режими саҳюнистӣ аз оғози ҷанг овора ва бесарпаноҳ шуданд.

 СММ баровард карда, ки 19 ҳазор кӯдак дар борикаи Ғазза ба сабаби кушта шудани 6 ҳазор зан дар ин ҷанг ятим шуданд.

 Созмони милал дар ин гузориш меафзояд: Беш аз як миллион зану духтар дар борикаи Ғазза ба ғизо ва оби солим дастрасӣ надоранд ва дар як вазъияти инсонии бисёр ногуворе ба сар мебаранд.

 

Барчасп