Май 06, 2024 10:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳания: Тавофуқи оташбас бояд ба таҷовузгарии режими Исроил поён диҳад
    Ҳания: Тавофуқи оташбас бояд ба таҷовузгарии режими Исроил поён диҳад

Раиси Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) таъкид кард ки ин ҷунбиш дар паии дастёбӣ ба тавофуқии фарогир ва ҷомеъ аст ки ба таҷовузи режими наслкуши саҳюнистӣ поён диҳад .

Ба гузориши Ирно , « Исмоили Ҳания » раиси Ҷунбиши Ҳамос рӯзи якшанбе эълом кард , ҳайати Ҳамос дар музокироти Қоҳира мавозиъи мусбат ва мунъатифи худро бо тамаркуз бар авлавияти таваққуфи таҷовузи режими ғосиби саҳюнистии зиддӣ мардуми Фаластин , тазмини ақабнишинии неруҳои ин режими ишғолгар ва табодули асирон ҳифз кардааст .

Раиси Ҷунбиши Ҳамос гуфт , Амрико ки аз режими ишғолгари саҳюнистӣ ҳимоят мекунад , бояд ба ҷои таҳияи силоҳҳои куштор ҷамъӣ , ҷулуи ин режими наслкушро бигирад .

Рӯзи аввали музокирот барои дастёбӣ ба оташбас дар борикаи Ғазза дар пойтахти Миср бидӯни тавофуқ поён ёфт .« Маҳмуд Мардовӣ » аз аъзои Ҳамос рӯзи шанбе дар бораи музокироти Қоҳира гуфт ки музокиракунандагон ин Ҷунбиш бо рӯҳияи мусбат ба музокирот дар пойтахти Миср рафтаанд аммо ончӣ дар Қоҳира ироа шуд фақат як пешниҳод аст ва формул барои тавофуқ нест .

Узви Ҳамос тасреҳ кард , Ҳамос ба бозгашти оворагон , бозсозии борикаи Ғазза ва хурӯҷи комили ишғолгарон аз ин борика исрор дорад .

Барчасп