Июн 08, 2024 10:09 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи расонаи Аш-Шарқ ба қудрати Эрон

Расонаи Аш-Шарқ, ки тавассути саудиҳо таъмини молӣ мешавад, ба қудрати низомӣ ва илмии Эрон иқрор кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА,Носир Қуловун-устоди иқтисоди сиёсӣ ва равобити байналмилалӣ дар Англия бо ишора ба пешрафти Эрон дар арсаҳои мухталиф ба қудрати илмӣ ва низомии Эрон ишора кард ва гуфт: Эрон зерсохтҳои қудратманде дорад; монанди нухбагони илмӣ, мушакҳои дурбурд, ки ахиран дар ҳамла ба Исроил ба намоиш даромад ва афзалияти севум ҳам табдили тавоноии маъмулӣ ба тавоноии низомии воқеъӣ дар панҷ то шаш моҳ аст.

 

Барчасп