Феврал 10, 2019 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон: Ҳузури Ҳизбуллоҳ дар давлати ҷадид нишондиҳандаи коҳиши нуфузи Амрико дар Лубнон аст

Узви Шӯрои марказии Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Ҳузури вазирони Ҳизбуллоҳ дар давлати ҷадиди ин кишвар, нишондиҳандаи коҳиши нуфуз ва нақши Амрико дар Лубнон аст.

Шайх Қовуқ, узви Шӯрои марказии Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ҳузур дар маросиме дар ҷануби ин кишвар гуфт: Амрико бо ҳузури Ҳизбуллоҳ дар давлати ҷадиди Лубнон ва дастёбии он ба курсии вазорати беҳдошт ба шиддат мухолифат кард, аммо лубнониҳо ба Вашингтон на гуфтанд.

Давлати ҷадиди Лубнон 31 январи 2019 ва пас аз ҳудуди 9 моҳ интизор бо ҳузури ҳамаи ҷарён ва гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил шуд.

Се курсии вазоратхонаҳои беҳдошт, варзиш ва мушовир дар умури парлумон низ ба Ҳизбуллоҳ ихтисос ёфт.

 

Барчасп