Май 09, 2021 17:23 Asia/Dushanbe
  • Исмоил Ҳание ба сафарбаркунии фаврии ҷаҳони ислом даъват кард, ки ба муқобили ҷиноятҳои саҳюнистӣ устуворӣ нишон диҳанд
    Исмоил Ҳание ба сафарбаркунии фаврии ҷаҳони ислом даъват кард, ки ба муқобили ҷиноятҳои саҳюнистӣ устуворӣ нишон диҳанд

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос дар паёме ба Раҳбари инқилоби исломӣ зимни ташриҳи ҳаводис ва таҳаввулоти Қудси ишғолӣ, мавзеи қотеъи ҷаҳони исломро барои ҳимоят аз сокинони Қудс ва таваққуфи ҷиноёти ишғолгарони исроилӣ хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази итилоърасонии Фаластин, «Исмоил Ҳания» рӯзи шанбе дар паёме ба Раҳбари муъаззам инқилоб ҳазрат «Оятуллоҳи Хоманаӣ » навишт: Ҳамалот ва таҷовузҳои саҳюнистҳо алайҳи Қудс ва минтақаи Бобул Амуд ва Шайх Ҷарроҳ ва ҳамчунин таҷовузҳо алайҳи Масҷид-ул-Ақсо ва намозгузорони он, талоши густардаи сарони режими ишғолгари саҳюнистӣ барои машруъияти бахше ба шаҳраксозӣ, кӯчондани фаластиниён, мусодираи хонаҳо ва тағйири вазъи ҳоким бар Масҷидулақсо аст. 

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос афзудааст: Ҷиноёти режими саҳюнистӣ аз тамомии хутути сурх фаротар  рафта ва эҳсосоту авотифи уммати исломиро ҷариҳадор карда ва шаҳри Қудс ва торихи исломии он ва мавҷудият, ризқу рӯзӣ ва оянда ва ҳуқуқи машрӯъи сокинони онро ҳадаф  гирифта, Масҷид-ул-Ақсо ва посдорони онро низ мустақими ҳадаф қарор додааст. 
  

Исмоили Ҳания дар ин паём, таҳарруки фаврии ҷаҳони исломро барои гирифтани мавзеъи  қотеъ дар қиболи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва талош барои басиҷи мавозеъи исломӣ ва дипломатии арабӣ, исломӣ ва байналмилалӣ ба манзури боздоштани душмани саҳюнистӣ аз идомаи ҷиноёти ваҳшиёнаи худ алайҳи миллати Фаластин ва масҷиди мубораки ал-Ақсо хостор шуд. 

Дар даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниён дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс даҳҳо фаластинӣ захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп