Июл 25, 2021 11:31 Asia/Dushanbe
  • Ал-Ҳашдушаъбӣ: Амрико барои хурӯҷи низомиёни худ аз Ироқ ҷиддӣ нест

Яке аз фармондеҳони Ал-Ҳашдушаъбии Ироқ таъкид кард, Амрико барои хурӯҷи низомиёни худ аз Ироқ ҷиддӣ нест.

Яке аз фармондеҳони Ал-Ҳашдушаъбии Ироқ имрӯз якшанбе эълом кард, дурбинҳои ҳароратӣ дар Салоҳиддин, чӣ гуна нобуд кардани афроди ДИИШ дар дохили хоки Ироқ тавассути болгардҳои амрикоиро забт кардааст ва ҳузури нерӯҳои ҷангии Амрико, дуруғин будани изҳороти давлати Ироқ ва тарафи амрикоиро нишон дод.

Вай тасреҳ кард, боқимондан ё ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ, масаълае аст, ки фақат ба мардуми Ироқ марбут аст, Ироқ ба ҳузури низомиёни амрикоӣ дар хоки худ ҳеч ниёзе надорад ва нерӯҳои амниятӣ ва  Ал-Ҳашдушаъбӣ қодир ба ҳимоят аз он ҳастанд.

Абӯ Ало Ал Валоӣ, дабири кулли гурӯҳи муқовимати исломии Катоиб низ таъкид кард, ҳар ваъдае, ки кумитаи музокиракунанда Ироқ ба ниёбат аз уммати исломӣ бидиҳад, то замоне, ки ин ваъда дар ростои ихроҷи ишғолгарон набошад, ҳеч аҳамияте надорад.

Даври чаҳоруми музокирот миёни Бағдод ва Вашингтон дар чорчӯби ончӣ гуфтугӯҳои роҳбурдӣ миёни ду кишвар хонда мешавад, рӯзи ҷумъа (23 июл) дар Вашингтон ба раёсати вазирони хориҷаи ду кишвар оғоз шуд.

Бовуҷуди изҳороти мақомоти амрикоӣ ва ироқӣ дар бораи маҳдуд шудани маъмурияти низомиёни амрикоӣ ба омӯзиш ва иқдомоти мусташорӣ ба нерӯҳои ироқӣ, гурӯҳҳои муқовимати Ироқ бо ишора ба вурӯди густардаи корвонҳои пуштибонии амрикоӣ ба хоки ин кишвар ва мушорикати нерӯҳои амрикоӣ дар амалиётҳои низомии Ироқ таъкид доранд, ки ин иқдомот наметавонад баёнгари маҳдӯд шудани маъмурияти низомиёни амрикоӣ бошад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп