Декабр 12, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
  • Фаластин хостори иқдоми амалӣ барои таваққуфи шаҳраксозии Исроил шуд

Вазорати хориҷаи Фаластин хостори иқдомоти боздоранда барои таваққуфи шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ дар қаламрави ишғолии Фаластин ва ҷавлони ишғолии Сурия шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории фаластинии Маъо, Вазорати умури хориҷаи Фаластин дар баёнияе иқдомоти ҷомеъаи ҷаҳониро дар баробари ҷиноёти режими саҳюнистӣ нокофӣ донист ва эълом кард ин вокунишҳо бояд ба иқдомоти амалии байналмиллалӣ мунҷар шавад, то режими саҳюнистиро ба таваққуфи шаҳраксозӣ ва дуздии заминҳои фаластинӣ водор кунад .

Ин ниҳоди фаластинӣ ҳамчунин султаи шаҳракнишинон саҳюнист ва созмонҳои террористии онон бар минтақаи обӣ дар дараи Урдун ва оғози амалиёти сохти шаҳраксозӣ, ки аз он ба ҷанги ошкор дар ин минтақа ва алайҳи сукунати мардуми Фаластин таъбир шудаастро маҳкум кард .
Вазорати умури хориҷаи Фаластин тарҳҳои нахуствазири режими саҳюнистӣ барои густариши шаҳраксозӣ ва тавсеъаи он дар Ҷавлони ишғолии Сурияро бо сохти ду шаҳраки ҷадид ва тавсеъаи конуни шаҳраксозиҳои мавҷуд дар ин минтақаи Сурияро маҳкум кард .

Ин ниҳоди фаластинӣ бо баёни инки режими саҳюнистӣ тарҳи шаҳраксозии ҷадид барои сохти як шаҳраки ҷадид дар ҷануби Қудси ишғолиро ироа кардааст, афзуд: Ин режим амалиёти тахриби манозили фаластиниҳову овора кардани сокинони онро дар ақсои нуқоти шаҳри Қудс ташдид кардааст .
Вазорати умури хориҷаи Фаластин нисбат ба ҷинояту авоқиби шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ ҳушдор дод ва таъкид кард: Танҳо роҳи барқарории сулҳ ташкили ду кишвари мустақил аст .
Рӯзномаи саҳюнистии Гааретс эълом кард,ки Нафтали Бинт-нахуствазири режими саҳюнистӣ дар талош аст як кумитаи барномарезӣ ва сохтро бидуни ҳузури намояндагони порлумони режими саҳюнистӣ бо ихтиёроти густарда ва бидуни ҳеҷ мухолифате аз сӯи гуруҳҳои ҳомии муҳити зист барои суръат бахшидан дар сохти ду шаҳрак дар Ҷавлони ишғолӣ бо шиори « афзоиши рушди ҷамъият » ташкил диҳад.

 

Барчасп