Март 07, 2022 22:08 Asia/Dushanbe
  • Барҳам Солеҳ як тавофуқи сиёсӣ ва иҷтимоъиро дар Ироқ хостор шуд

Раиси Ҷумҳурии Ироқ як қарордоди сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар ин кишварро зарурияти иҷтинобнопазир донист.

Ба гузориши "Шафақ нюз" дафтари раиси Ҷумҳурии Ироқ бо судури баёнияе эълом кард, Барҳам Солеҳ дар дидор бо раисон ва устодони донишгоҳҳои ин кишвар аз устонҳои мухталиф бар лузуми иҷрои ҳуқуқи миллӣ ва қонуни асосӣ таъкид кард.

Солеҳ бо баёни ин ки масъулияти Парлумони ҷадид ва давлате, ки дар он райи эътимод хоҳад гирифт, дар посух ба ҷунбиш ва афкори умумии мардум, сангин хоҳад буд, афзуд: Барои ислоҳи раванди кунунӣ ва ислоҳоти ҷадид ва мубориза бо фасод умеди зиёд вуҷуд дорад.

Раиси Ҷумҳурии Ироқ таъкид кард: Ниёзи зарурӣ ба як ҳокимияти қудратманд бо як қарордоди сиёсӣ ва иҷтимоъии ҷадид як хостаи умумӣ аст, ки шароити асосӣ ва иқтисодии дохилӣ ва таҳаввулоти пуршитоби минтақа ва байналмиллалӣ эҷод мекунад.

Барҳам Солеҳ дар идома гуфт: Дурии Ироқ аз нақши меҳварии худ дар минтақа дар чаҳор даҳаи гузашта, ки ба далели буҳронҳои дохилӣ рух дод, сабаби бесуботии дохилӣ ва дар кулли минтақа шуд.

Ироқ аз замони баргузории интихоботи парулмонӣ дар октябри соли гузашта, ки неруҳои сиёсӣ натавонистанд бо ташкили давлат мувофиқат кунанд, бо буҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ аст.

 

Барчасп