Октябр 16, 2022 13:01 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ бори дигар хушунат алайҳи фаластиниҳоро афзоиш додааст
    Режими саҳюнистӣ бори дигар хушунат алайҳи фаластиниҳоро афзоиш додааст

Режими саҳюнистӣ аз шанбеи гузашта бори дигар хушунат алайҳи фаластиниҳоро афзоиш додааст .

Қудсу навоҳии атрофи он аз шанбеи гузашта то кунун шоҳиди муҳосираи режими саҳюнистӣ алайҳи урдӯгоҳи Ашшаъфот аст . Ин режим Ноблус дар Каронаи бохтариро низ минтақаи бастаи низомӣ эълом кардаву вуруду хурӯҷ ба он то итилоъи баъдӣ мамнӯъ аст . Дар як ҳафтаи ахир даҳҳо фаластинӣ шаҳиду захмӣ шудаанд .
Чанд далел дар бораи шиддат гирифтани даври ҷадиди хушунат алайҳи фаластиниҳо вуҷуд дорад .
Далели нахуст, нотавонии режими ишғолгар дар муқобили амалиёти муқовимати фаластинӣ аст . Амалиёти муқовимати Фаластин алайҳи ишғолгарон дар Каронаи бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ густариш ёфтааст . Ончи боис шуда то шароит барои саҳюнистҳо дар Каронаи бохтарӣ ва дигар манотиқи фаластинӣ ба шиддат душвор ва буҳронӣ шавад, рӯй оварии фаластиниҳо ба амалиёти мусаллаҳона алайҳи ишғолгарон аст . Аҳамияти набарди мусаллаҳона алайҳи саҳюнистҳо то бадон ҳад зиёд аст, ки Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин бо судури баёнияе эълом кард, ки муқовимати мусаллаҳона танҳо роҳи озодсозии сарзамини Фаластин ва муқаддасоти он аз дасти ишғолгарон аст . Матаньяху Энгельман аз фармондеҳони низомии артиши режими саҳюнистӣ унвон кард : « Артиши Исроил барои амалиёти тӯлонимуддат дар Каронаи бохтарӣ нотавон аст ва наметавонад ба амалиёти худ дар Каронаи бохтарӣ ба далели камбудҳои пуштибонии таъминотӣ идома диҳад . » Бо тавваҷуҳ ба ин шароит  ишғолгарон бо густариши хушунатҳо ба дунболи таваққуфи он ҳастанд, аммо таърих собит кардааст, ки хушунат на танҳо ба таваққуфи муқовимат мунҷар намешавад, балки ба афзоиши амалиёти муқовиматӣ меанҷомад .
Далели дувуми шаклгирии ҳамфикрӣ миёни фаластиниҳо дар Каронаи бохтарӣ аст . Ҷумбишҳои ҷиҳоди исломӣ ва Ҳамос бо ҷумбиши Фатҳ дар Каронаи бохтарӣ ҳамфикрӣ карда ва гуруҳҳои муштаракеро барои муқобила бо ишғолгарӣ ташкил доданд ва ин сабаби ҳаросу хашми саҳюнистҳо шуд.
Далели сеюм марбӯт ба авзоъи дохилии арозӣ ишғолӣаст . Режими саҳюнистӣ дар остонаи панҷумин интихоботи порлумонӣ дар 4 соли ахир қарор дорад ва ҳамвора мунозиъа бо Фаластин яке аз меҳварҳои таблиғоти интихоботи порлумонӣ дар арозии ишғолӣ будааст . Интихоботи порлумонии Фаластин дар ноябри оянда баргузор хоҳад шуд . Акнун дар ҳоле ки Яир Лапид аз сӯи мухолифон, назири Бинёмин Натанёҳу ба нармиш дар муқобили Ҳизбуллоҳи Лубнон муттаҳам аст, Лапид дастури ҳамлаи густарда ба фаластиниҳоро содир кардааст. Лапид талош дорад ба афкори умумӣ дар арозии ишғолӣ ин паёмро мунтақил кунад, ки дар муқобили фаластиниҳо хашинтар аз Натанёҳу рафтор мекунад ва Натанёҳу низ бо интиқодҳои худ аз Лапид  заминаи хушунати бештаре алайҳи фаластиниҳоро фароҳам кардааст .
Далели чаҳорум низ тадовуми бетаваҷҷӯҳии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ҷиноятҳои режими ишғолгар аст . Режими ишғолгари Қудс аз буҳрони Украина ба унвони фурсате барои афзоиши хушунат алайҳи фаластиниҳо баҳра гирифтааст . Дар ҳамин росто низ пеш аз ин ҷанги серӯзаро алайҳи Ҷиҳоди исломии Фаластин анҷом доду шуморе аз фармондеҳону аъзои Ҷиҳоди исломиро ба шаҳодат расонда ё боздошт кардааст . Акнун низ хушунат алайҳи фаластиниҳоро афзоиш дода, зеро итминон дорад тамаркузи ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар мавзӯи Украина қарор дораду амалан хушунатҳо алайҳи фаластиниҳо нодида гирифта мешавад . Фаластиниҳо бо огоҳӣ аз ин мавзӯъ бори дигар амалиёти муқовиматиро дар дастури кор қарор доданд ва ин тақобул ба хушунати бештар алайҳи фаластиниҳо мунҷар шудааст .

 

Барчасп