Ноябр 17, 2022 12:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Таҳдидоти режими ишғолгар алайҳи Ғазза арзише надорад

Узви дафтари сиёсии Ҷумбиши Ҳамос таъкид кард, таҳдидоти режими саҳюнистӣ мабнӣ бар посухи низомӣ дар навори Ғазза дар вокуниш ба ташдиди муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ, арзише надорад.

Суҳайл Ал Ҳиндӣ гуфт, ниҳоди амниятии ин режим тағйири сиёсатҳо дар қиболи Ғазза ва адами тафкики Ҳамос аз ҳаводиси Каронаи Бохтариро дар дасти баррасӣ дорад, чаро ки гурӯҳҳои фаластинӣ дар Ғазза масъӯли таҳрики амалиётҳо дар Каронаи Бохтарӣ ҳастанд.

Ал Ҳиндӣ таъкид кард, муқовимати Фаластин омодагии зиёде барои рӯёрӯӣ бо режими ишғолгар дорад ва набарди «шамшери Қудс» дар соли 2021 низ ҳовии паёми равшане барои режими ишғолгар буд, мабнӣ бар инки мо ҳаргиз таслим нахоҳем шуд.

Узви Ҳамос афзуд, ин таҳдидоти режими саҳюнистӣ бе арзиш аст ва муқовимат барои рӯёрӯӣ бо режими ишғолгар омодагӣ дорад.

Вай гуфт, муқовимат тайи чанд моҳи ахир тавонист дарси фаромӯши нашуданӣ ба душмани саҳюнистӣ ба хусӯс дар Каронаи Бохтарӣ бидиҳад ва ташкилоти низомии ҷадид дар урдӯгоҳҳои Наблос ва Ҷанин собит кард, ки бар замин гузоштани силоҳ ва иҷоза додан ба режими ишғолгар барои беҳурматии муқаддасоти мо, мумкин нест.

 

Барчасп