Мазҷаъи мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо(а) бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ғуборрӯбӣ шуд
(last modified 2024-09-12T15:08:01+00:00 )
Сентябр 12, 2024 20:08 Asia/Dushanbe
  •  Мазҷаъи мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо(а) бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ғуборрӯбӣ шуд

Саҳоб - Ҳамзмон бо рӯзҳои оғозини моҳи рабеулаввал, маросими ғуборрӯбии зареҳи мутаҳҳари ҳарами Соминулҳуҷаҷ ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо (а) бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор шуд.

 Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ҳамзмон бо рӯзҳои оғозини моҳи рабеулаввал, маросими ғуборрӯбии зареҳи мутаҳҳари ҳарами  Имом Ризо(а),набераи поки Паёмбар(с) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҷамъе аз уламо, тувлияти остони Қудс ва ходимони остони муқаддаси Разавӣ баргузор шуд.  Дар ин маросими саршор аз фазои маънавӣ ва атри вилоят ва имомат, маддоҳон бо замзамаи зиёроти Ҷомеаи кабира ва Аминуллоҳ ба зикри маноқиб ва мероси Аҳли байт(с) ба муносибати айёми шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ(а) пардохтанд ва бо ҳазрати Ризо(а) розу ниёз карданд.

Барчасп