Ноябр 14, 2023 15:12
Вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар гузорише ба шарҳи тавофуқ бо Эрон барои истифода аз бандари Чобаҳор бо ҳадафи дастрасӣ ба уқёнуси Ҳинд пардохт ва навишт: Эҷоди боркашонии ҷодаӣ аз масири «Тоҷикистон - Узбакистон - Туркманистон - Эрон» бо истифодаи муассир аз зарфиятҳои бандари Чобаҳор, фурсати ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Эронро бештар хоҳад кард.