Январ 11, 2022 13:46 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 20 таксии барқӣ ба ширкати роҳу нақлиёти Душанбе

20 дастгоҳи таксии барқӣ вориди шабакаи роҳу нақлиёти шаҳри Душанбе шуд.

Ба гузориши сомонаи Авесто, Фирдавс Саидзода, муовини шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки ин таксиҳои барқӣ аз Чин ворид шуда ва қарор аст дар рӯзҳои наздик 80 дастгоҳи дигар низ ба шабакаи ҳамлу нақли Душанбе афзӯда шавад.

Вай таъкид кардааст, ки таксиҳои барқӣ дар муддати 30 дақиқа шорж мешаванд ва метавонанд то 300 километр роҳро тай кунанд.

Аз нигоҳи мулоҳизоти зистмуҳитӣ таксиҳои барқӣ комилан безиён мебошанд ва ҳеҷ навъ олӯдагӣ эҷод намекунанд. Дар шароити афзоиши қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон истифода аз таксиҳои барқӣ, ки ба маротиб арзонтар аст, метавонад фоидаи иқтисодии фаровоне барои шаҳрдории Душанбе дар пай дошта бошад.

 

Барчасп