Барқарории ҳаракати автобусҳои даруншаҳрии Хуҷанд
(last modified Tue, 21 Dec 2021 05:32:47 GMT )
Декабр 21, 2021 10:32 Asia/Dushanbe
  • Мушкили таъмини сӯхти дизелӣ барои автобусҳои шаҳрӣ дар Хуҷанд ҳал шуд
    Мушкили таъмини сӯхти дизелӣ барои автобусҳои шаҳрӣ дар Хуҷанд ҳал шуд

Ҳаракати автобусҳои даруншаҳрии Хуҷанд, ки ба далели набуди сӯхт аз рӯзи 16 декабри соли ҷорӣ мутаваққиф шуда буд, дубора барқарор шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, масъулони идораи нақлиёти умумии шаҳри Хуҷанд эълом карданд, ки мушкили таъмини сӯхт дизелӣ барои автобусҳои шаҳрӣ дар Хуҷанд ҳал шуд ва ин васоили нақлиёт ҳаракати худро азсар гирифт.

Музаффар Раҳимхоҷаев, мудири идораи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд гуфт, ба далели набуди сӯхт чанд рӯзе ҳаракати автобусҳои даруншаҳрӣ дар маркази вилояти Суғд қатъ шуда буд, ки акнун бо таъмини сӯхти дизелӣ 30 дастгоҳ автобуси ҷобаҷоии мусофирон ба фаъолият дар хатсайрҳо шуруъ кард.

Вай таъкид кард, ки пеш аз камбуди сӯхт 100 дастгоҳ автобуси даруншаҳрӣ дар Хуҷанд мусофиронро ҷо ба ҷо мекард, ки ба тадриҷ бо таъмини сӯхт ҳаракати ин васоили нақлия дубора барқарор хоҳад шуд.

Дар Хуҷанд аз 10 сол қабл ба далели куҳна шудани таҷҳизот, ҳаракати автобусҳои барқӣ низ қатъ шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки 3 сол қабл идораи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд аз Бонки рушд ва бозсозии аврупоӣ 26 миллион доллар вом дарёфт кард, ки 8 миллион доллари он кумаки ройгон буд ва то ба ҳол 4 миллиону 300 ҳазор доллар низ бозпардохт шудааст.

 

Бештар бихонед: