-
Эрон ва Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро сабти ҷаҳонӣ мекунанд
Декабр 10, 2020 10:16Чаҳор асари номалмӯси Эрон бо мавзӯи ҷашни Меҳргон, Миниётура(нигоргарӣ), зиёрати Тадеуси муқаддас ва маҳорати сохтан ва навохтани увд(асбоби мусиқӣ) ба таври муштарак бо ҳамсоягон дар феҳрасти осори ЮНЕСКО сабт мешавад.
-
Тоҷикистон хостори ҳузури бештари мутахассисони чинӣ шуд
Декабр 09, 2020 12:34Масъулини Душанбе даъват карданд, ки мутахассисони чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба Тоҷикистон бештар фиристода шаванд.
-
Барқи тоҷик: 10 декабр маҳдудият поён меёбад
Декабр 09, 2020 10:33Ширкати давлатии Барқи тоҷик бо интишори паёме аз бекор шудани маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз рӯзи панҷшанбе 10 декабр хабар дод.
-
Чаро бемории вируси корона дар Тоҷикистон камтар аст?
Декабр 08, 2020 17:33Пизишки эронитабори амрикоӣ ва корманди воломақоми пажӯҳишгоҳи беҳдошт ва дармони ин кишвар, кӯҳистонӣ будани Тоҷикистонро яке аз омилҳои аслии камтар ба Ковид - 19 мубтало шудани тоҷикҳо унвон кард.
-
Ҳузури чашмгири шаҳрвандони Тоҷикистон дар даргириҳои ахири Толибон дар Бадахшони Афғонистон
Декабр 08, 2020 11:53Дабири кулли ҳизби миллии Афғонистон гуфт: дар даргирии ахири Толибон бо бо нерӯҳои давлатии Афғонистон дар остони Бадахшони ин кишвар ҳама нерӯҳои муҳоҷими Толибон ва кушташудагони онҳо тоҷик буданд.
-
Занон ва кӯдакони тоҷик аз урдугоҳҳои Сурия озод мешаванд
Декабр 08, 2020 10:31Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки гурӯҳҳои курди Сурия ваъда додаанд занону кӯдакони тоҷикро, ки дар лагерҳо таҳти назорати онҳо нигаҳдорӣ мешаванд озод хоҳанд кард.
-
Ҳиссаи ками нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар тавлиди барқи Тоҷикистон
Декабр 08, 2020 10:01Нерӯгоҳҳои барқи обии хурди Тоҷикистон дар 10 моҳи охир дар маҷмӯъ 13 миллиону 800 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ тавлид карданд, ки камтар аз як дарсад аз тавлиди кулли нерӯи барқи кишвар аст.
-
Тоҷикистон дар байни кишварҳои ноқизи озодиҳои динӣ қарор дорад
Декабр 08, 2020 09:25Вазорати хориҷаи Амрико боз ҳам Тоҷикистонро ба рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ қарор дод.
-
Оғоз ба кори сафири нави Тоҷикистон дар Афғонистон
Декабр 07, 2020 19:07Сафири тозамансубшудаи Тоҷикистон дар Афғонистон устуворномаи худро ба Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар тақдим кард.
-
Ирсоли таҷҳизоти пизишкӣ аз сӯйи Швейтсария ва ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон
Декабр 07, 2020 17:31Давлати Швейтсария ва сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 50 ҳазор доллар таҷҳизоти пизишкӣ барои муқобила бо корона ирсол карданд.