Декабр 08, 2020 15:23 Asia/Dushanbe
  • Бадахшони Афғонистон ба гузаргоҳи террористҳо ба Осиёи Марказӣ табдил шудааст.
    Бадахшони Афғонистон ба гузаргоҳи террористҳо ба Осиёи Марказӣ табдил шудааст.

Дабири кулли ҳизби миллии Афғонистон гуфт: дар даргирии ахири Толибон бо бо нерӯҳои давлатии Афғонистон дар остони Бадахшони ин кишвар ҳама нерӯҳои муҳоҷими Толибон ва кушташудагони онҳо тоҷик буданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Абдуллатиф Педром афзуд: дар пешопеши гурӯҳи ҳамлакунанда ба дарвозаҳои болоии Бадахшон чанд тан аз тоҷикҳои табааи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҳузур доштанд, ки аз он ҷумла метавон ба террористи тоҷикистонӣ «гадоев басинбой» маърӯф ба Закариё аз минтақаи «Спитамен»-и вилояти Суғди Тоҷикистон ишора кард.
 
Вай афзудааст, ки Абдулбосит Воҳидов маъруф ба « Юнус Арсалон» аз минтақаи Рӯдакии шаҳри Душанбеи Тоҷикистон низ бо чанд тани дигар дар гурӯҳи раҳбарии ин ҳамла ҳузур доштанд, ки мухолифи давлати Тоҷикистон ва ҳамразм бо гурӯҳи Толибон дар марзҳо ҳастанд.
 

Педром идома дод: барои мани куштани тоҷик ба дасти тоҷик ва он ҳам тоҷики омада аз як сарзамини дигар ҷонгудоз ва ҷигарсӯз аст ва агар ин идда аз тоҷикон ба ҳар далеле наметавонанд оғӯши бародарӣ ба сӯи мо боз кунанд набояд даст ба куштори ҳамтаборони тоҷики худ изананд.

Дабири ҳизби конгресси миллии Афғонистон аз кушта шудани 25 нерӯии давлатӣ дар ин даргирӣ хабар дод.

 

Бадахшони Афғонистон гузаргоҳи террористҳо ба самти Осиёи марказӣ 

Наздик ба 600 ҷангҷӯи хориҷӣ аз Чин, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Чечен ва Қафқоз дар канори ҷангҷуёни гурӯҳи Толибон алайҳи давлати Афғонистон меҷанганду талош мекунанд ҷуғрофиёии ҷангии худро ба кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҳатто Русия ва Чин тавсеъа диҳанд.

Дар навори савтии мунташиршуда аз ҷамоати  Ансоруллоҳи Тоҷикистон дар Бадахшони Афғонистон дар даҳуми моҳи августи соли 2020 омадааст, ки ҷамоати  Ансоруллоҳ муташаккил аз ҷавонони мусулмони Тоҷикистон аст, ки барои наҷоти ин кишвар аз ишғоли Русия  татбиқи шариъати исломӣ ва эҳёи хилофати исломӣ дар ҳамаи ҷаҳон мубориза мекунанд.

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳам 24 ноябр дар паёми видеоӣ ба ширкаткунандагон дар конфаронси Женева ҳушдор дода буд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳоли тамаркуз бар нерӯҳои худ дар остонҳои шимолу шарқӣ Афғонистон аст. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп