Вуруди раллии гардишгарии Эрон ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 04 Apr 2023 06:01:21 GMT )
Апрел 04, 2023 11:01 Asia/Dushanbe
  • Вуруди раллии гардишгарии Эрон ба Тоҷикистон

Раллии гардишгарии «пайкҳои паёмовари Наврӯз» пас аз убӯр аз Туркманистону Узбекистон вориди Тоҷикистон шуд.

«Пайкҳои паёмовари Наврӯз»  рӯзи сеюм фарвардини 1402 Эронро ба мақсади Тоҷикистон тарк карда буд,  ҳамзамон бо понздаҳумини рӯз аз соли ҷадид  ,бо истиқболи намояндаи сифорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ва муовини аввали комитеи тавсеаи сайёҳин ин кишвар ,вориди шаҳр душанбе шуд .

«Пайкҳои паёмовари Наврӯз» пас аз оғози паймояш дар масири ҷодаи абрешим аз мабдаи Эрон ва убӯр аз кишварҳои Туркманистону Узбекистон, ворид Тоҷикистон шуданд .

Ин корвони фарҳангӣ ва гардишгарӣ, ки барои аввалин бор бо ширкати 28 дастгоҳи худрави мусобиқотӣ ва корвон бо ҳузури аъзои хонаводаҳои эронӣ аз устонҳои мухталифи кишвар дар ҳоли баргузораст, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти таъсири ин рӯйдод дар таҳкими равобити кишварҳои ҳавзаи ҷашни бостонии Наврӯз аз ҷумла, Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистону Эрон ва ба воситаи қаробати фарҳангӣ, забонӣ, таърихӣ ва тамаддунии ин кишварҳо оғоз шудааст.

Тарвиҷи сафарҳои заминӣ ва масъулона, тавсеаи фаъолиятҳои автомобилронӣ, эҷоди шӯру нишоти иҷтимоӣ, ташвиқи умум ба риояти қавонину муқаророти роҳнамоӣ ва ронандагӣ, тарвиҷи фарҳанги ронандагии эмину эҷоди ҳиси дӯстӣ, меҳрубонӣ, иттиҳоду якпорчагӣ миёни миллатҳои ҳавзаи ҷашни Наврӯз аз муҳимтарин аҳдофи баргузарии ин тури гардишгарии пайкҳои паёмовари Наврӯз аст.

 

Бештар бихонед: