Мулоқоти гузоришгари вижаи « озодии адёну ақида »и Созмони Милали Муттаҳид бо раиси Маркази таҳқиқоти стротежики Тоҷикистон
(last modified 2023-04-15T04:58:11+00:00 )
Апрел 15, 2023 09:58 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти гузоришгари вижаи « озодии адёну ақида »и Созмони Милали Муттаҳид бо раиси Маркази таҳқиқоти стротежики Тоҷикистон

Гузоришгари вижаи « озодии адёну ақида »и Созмони Милали Муттаҳид бо раиси Маркази таҳқиқоти стротежики Тоҷикистон дидор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Нозило Қонеъ бо Хайриддин Усмонзода дидгоҳҳои мухталиф дар мавриди чашмандози ҳамкории муштарак дар робита бо масоили озодии мазҳабу ақида дар минтақаву ҷаҳон баён шуд .
Дар ин нишаст таъкид шуд, ки « Қонӯни асосии Тоҷикистон мабоони сохтори қонӯни асосии кишварро таъриф мекунад ва ба унвони манбаи аслии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон амал мекунад . Мавозини он мабнои ҳуқуқии аслӣ барои ҳамаи бахшҳо аз ҷумла дин аст . »
Усмонзода ҳамчунин гуфт , ки « таъйини озодонаи нигариши як фард нисбат ба дин мустақиман аз моддаи аввали Қонӯни асосии Тоҷикистон, ки Тоҷикистонро як кишвари дунявӣ эълом мекунад, нашъат мегирад ва ин моҳият ба маънои тазмини ҳамзистии мусолиматомези адён ва давлат аст » .
Раиси Маркази таҳқиқоти стротежик ҳамчунин афзуд : Дар Тоҷикистон баробарии ҳамаи адёну мазоҳиб ба расмият шинохта шудааст ва ҳеҷ маҳдудияте барои фаъолияти мусолиматомези дин, ибодат,маносику маросим вуҷуд надорад.

 

Барчасп