Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Левакант
(last modified Wed, 26 Apr 2023 04:26:52 GMT )
Апрел 26, 2023 09:26 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Левакант

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сафар ба шаҳри Левакант аз наздик бо шароити кории масъулони ниҳодҳои амнияти миллӣ ошно шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бинои ҷадиди раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ расид.

Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Тибқи иттилоот дар табақоти дувум ва сеюм, иқоматгоҳҳои расмӣ барои масъулон сохта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кор шинос шуда, кормандони мақомотро барои анҷоми хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат даъват кардаст.

Ҳамчунин раисиҷумҳур ба чанде аз кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хотири сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ба ҳайати шахсии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 8 автомашинаи махсуси хизматӣ тақдим намудаст.