Май 04, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккилона-меҳвари музокироти мақомоти Тоҷикистону Туркия

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Туркия дар бораи мавзӯи мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккилона(ҷароими созмонёфта)и фаромиллӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Юсуфи Раҳмон-додситони кулли Тоҷикистон дар сафар ба Туркия имрӯз бо Боқири Шоҳин- додситони кулли ин кишвар дидор ва дар бораи густариши ҳамкории додситониҳои ду кишвар дар заминаи мубориза бо анвоъи ҷароими созмонёфта фаромиллӣ ва ҳамчунин қочоқи маводи мухаддир бо вай гуфтугӯ кард.
Юсуфи Раҳмон ва Боқири Шоҳин ҳамчунин дар бораи тадовуми табодули таҷрубаҳои ду кишвари Тоҷикистону Туркия дар заминаи мубориза бо ҷароим, ироаи кумакҳои ҳуқуқӣ дар чорчӯби парвандаҳои ҷазоӣ ва истирдоди ҷинояткорон баҳсу табодули назар карданд .

 

Барчасп