Бурузи ихтилофи тоза байни Русия ва Тоҷикистон бар сари парвозҳои мусофирбарӣ
(last modified Wed, 21 Dec 2016 05:06:07 GMT )
Декабр 21, 2016 10:06 Asia/Dushanbe
  • Бурузи ихтилофи тоза байни Русия ва Тоҷикистон бар сари парвозҳои мусофирбарӣ

Вазорати ҳамлу нақли Русия, Тоҷикистонро ба коршиканӣ дар иҷрои тавофуқномаи дуҷонибаи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ муттаҳам кард.

Ба иттилои сайти нашрияи русии "Ведомости", мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Русия муддаӣ шудаанд, ки идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ахиран ба ширкати ҳавоии "Ямал"-и Русия иҷозатномаи парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро надодааст.

Аз ин рӯ, беш аз 100 мусофири тоҷикистонӣ натавонистанд аз фурудгоҳи "Жуковский" дар ҳумаи Маскав ба Душанбе парвоз кунанд.

Ин вазорат иқдоми тарафи Тоҷикистон дар мамониат аз парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарии ин ширкати русиро зери савол бурдани тавофуқоти дуҷониба арзёбӣ карда ва аз ҷониби Тоҷикистон хостааст, ки ба тааҳҳудоти худ дар иҷрои тавофуқномае, ки моҳи ноябри гузашта байни ду кишвар имзо шудааст, амал кунад.

Пеш аз ин низ дар заминаи интиқоли парвозҳои дуҷониба аз фурудгоҳи ҷадиди “Жуковский” дар ҳумаи Маскав миёни мақомоти ҳамлу нақли ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ихтилофоте буруз кард, ки бо таҳдиди Маскав ба қатъи иртиботи ҳавоӣ ҳал шуд.

Ба назар мерасад, иллати умдаи ихтилофи Русия ва Тоҷикистон бар сари ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ин аст, ки бештари парвозҳо дар масири ин ду кишвар дар ихтиёри Маскав қарор дорад.

 

Барчасп