Ҳарифони Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳо мушахас шуданд: Аввалин бозӣ муқобили Чин аст
Тақвими марҳилаи ниҳоии мусобиқоти футболи Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 Қатар мушахас шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон, аввалин бозии тими Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 баробари тими миллии Чин хоҳад буд.
Бо таваҷҷӯҳ ба қуракашии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023, тимим милли Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" қарор гиирфт. Ҳарифони тими миллии Тоҷикистон тимҳои Қатар, Лубнон ва Чин хоҳад буд.
Дидори ифтитоҳияи тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё қарор аст 13 январ баробари Чин баргузор мешавад.
Тими Тоҷикистон бо сармурабии Петар Сегрт дар давраи дуввуми марҳилаи гурӯҳи ба масофи мизбони ҷоми миллатҳои Осиё 2023 яъне Қатар меравад.
Тими милли Тоҷикистон дар даври саввуми марҳилаи гурӯҳии ин рақобатҳо ҳам бояд дар баробари Лубнон бозӣ кунад.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 тибқи қуракаши, 24 тим дар 6 гурӯҳи 4 тими қарор хоҳанд гирифт.