Май 17, 2023 18:27 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Рушди равобити байни Эрон ва Тоҷикистон ҳамаҷониба аст
    Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Рушди равобити байни Эрон ва Тоҷикистон ҳамаҷониба аст

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Иродаи мақомоти олии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ба вижа дар устонҳои Хуросони Разавӣ ва Хатлон рушди равобит дар ҳамаи бахшҳо иборат аз иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон рузи чаҳоршанбе дар иртиботи интернети бо ҳамоиши муштараки корофаринони Эрон ва Тоҷикистон, ки дар маҳали утоқи бозаргонии Машҳад маркази устони Хуросони Разавӣ шимоли шарқи Эрон баргузор шуд афзуд: Устонҳои Хуросони Разавӣ ва Хатлон ду устони муҳими Эрон ва Тоҷикистон ҳастанд ва бо таваҷҷуҳ ба зарфияти иқтисодии ду кишвар ва моҳияти мукамили иқтисодии онҳо омори табодулоти тиҷори байн ин ду устон афзоиш ёфта аст.

Дабири аввали сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон низ дар ин ҳамоиши муштараки корофаринони Эрон ва Тоҷикисттон гуфт: Хушбахтона равобити байни Эрон ва Тоҷикистон руз ба руз беҳтар мешавад ҳамакнун ду то се ҳайати тиҷории дигар низ аз кишвари Тоҷикистон дар Теҳрон ҳузур доранд.

Маъруфҷон Абдураҳмонов бо ишора ба сиюмин солгарди равобити дипломотики байни Эрон ва Тоҷикистон афзуд: Дар се даҳаи гузашта раисони ҷумҳурии ду кишвар ва дигар мақомот 30 сафари кори ва расми ба ду кишвар доштанд ва беш аз 200 санадҳои муштараки ҳамкории байни ду кишвар ба имзо расида аст.

Ҳайати олирутбаи фаъолони иқтисодӣ ва тиҷорӣ Тоҷикистон барои табодули назар бо мақомоти устони Хуросони Разавӣ дар заминаи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ба Машҳад маркази ин устон сафар карда аст.

Барчасп