Имзои тафоҳумномаи пазириши 1000 шаҳрванди чинӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
(last modified Sat, 17 Jun 2023 05:41:46 GMT )
Июн 17, 2023 10:41 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи пазириши 1000 шаҳрванди чинӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Тафоҳумномаи пазириши 1000 шаҳрванди чинӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон имзо шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, қарордоди ҳамкории байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ширкати технологӣ-омӯзишии Shangdon Daliangzao ” Чин пазириши мутақозиёни чиниро дар қолаби давраҳои ғайриҳузурӣ ва ҳузурӣ дар донишгоҳ оғоз мекунад.
Ин мувофиқатнома бар асоси дархосту интихоби 1000 фориғуттаҳсили муассисоти омӯзиши мутавассита ва донишкадаҳои чинӣ тадвин ва тасвиб шуд ва ҳайати мудираи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ин фориғуттаҳсилонро сабти ном хоҳад кард .
Ҳуҷҷатҳои онҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ бар асоси қонун таҳия ва пазируфта ва тибқи муқаррарот дар идомаи қарордоди таҳсил гунҷонида мешавад.