Охирин ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 баргузор гашт
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки дар соли 2017 бахши умдаи буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ сарф хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар охирин нишасти ҳукумат дар соли 2016 бо баршумурдани натоиҷи фаъолияти ҳукумати ин кишвар дар соли 2016 иҷрои Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин ҷумҳуриро дар соли 2017 хостор шуд. Дар ин нишаст раванди таъмини иҷрои бахши даромади буҷаи ҳукумат, пардохти андози марказҳои тиҷорӣ ва саноатӣ, пайваст намудани манзилҳои маскунии шаҳри Душанбе ба шабакаи оби гарми Маркази гармидиҳии ҷадиди пойтахт ва мавзӯи беҳбуд бахшидани хадамоти шаҳрӣ баррасӣ шуд.
Дар ин нишаст вазирони ҳамлу нақл ва фарҳанг, раисони кумитаҳои давлатии радио ва телевизион, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, умури динӣ, меъморӣ ва сохтмон аз иҷрои барномаи ҳукумат дар соли 2016 дар ин ниҳодҳо гузориш доданд.