Декабр 24, 2016 10:05 Asia/Dushanbe
  • Нотаи эътирозии сафорати Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷии Русия

Бо бенатиҷа анҷом шудани музокироти Тоҷикистону Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар сафири Душанбе дар Маскав ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар нотаи эътирозӣ ирсол кард.

Ба гузориши хабаргузории “Азиа плюс”, дар пайи ин бунбаст дар музокироти ҳайатҳои ҳамлу нақли Душанбеву Маскав ва иқдоми Русия дар робита ба мамнӯияти парвозҳои ширкати “Сомон эйр”-и Тоҷикистон Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия бо ирсоли нотаи эътирозӣ ба Идораи умури ИДМ таъкид кардааст, ки дар моҷарои қатъи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар миёни Душанбе ва Маскав ҷониби Тоҷикистон гунаҳкор нест. Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Русия, кишвараш ба созишномаи ҳамлу нақли ҳавоии миёни Душанбе ва Маскав мутааҳҳид буда, ин Вазорати ҳамлу нақли Русия аст, ки парвози ҳавопаймоҳои мусофирбари ширкати "Сомон эйр"-ро ба се шаҳри Русия мамнӯъ кардааст.

Рӯзи гузашта дар вокуниш ба тасмими Русия дар робита ба мамнӯияти парвози ҳавопаймоҳои мусофирбари ширкати "Сомон эйр"-и Тоҷикистон мақомоти идораи ҳавопаймоии ин кишвар парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии"-и Русияро ба Душанбе мамнӯъ карданд. Шиддан гирифтани ихтилофот миёни Русия ва Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар дар ҳолест, ки ду рӯз пеш мақомоти ҳайати комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон барои музокира бо масъулони Вазорати ҳамлу нақли Русия ба Маскав рафта буданд, аммо ин музокирот ба бунбаст расид. Ба гуфтаи коршиносон, решаи ин ихтилоф ба мавзӯи теъдоди парвозҳои ҳафтагӣ миёни ин ду кишвар ва нисбатан арзон будани нархи чиптаи ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ бармегардад, ки аз нигоҳи Тоҷикистон, ба суди Русия аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бештар парвозҳо дар масири Тоҷикистон - Русия дар ихтиёри ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ қарор дорад.

 

Барчасп