Дидори сарвазири Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Русия
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Русия дидору гуфтугу кард.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Марат Хуснуллин, муовини нахуствазири Русия дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидор масъалаҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, тандурустӣ, маориф, нақлиёт, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоиро баррасӣ намуданд.
Тарафайн бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ ду давлат дар ҳама самтҳо ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, пайваста рушду тавсеа меёбанд.
Нақши меҳвари сарони ду давлат дар рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия махсус таъкид гардид.