Дипломати хориҷии маъруф дар Эрон!
Дабири аввали Сафорати Тоҷикистон дар Эрон Маъруф Абдураҳмон дар шаби Резвоншаҳри устони Гелон ба ҳайси меҳмони вижаи ин ҳамоиш суханонашро бо лабханди ҳозирин шуруъ кард, ки ҳар куҷо меравад эрониҳо аз қавли эшон ҳарф мезананд ва мегӯянд: “ба қавли Маъруф”.
Ин дипломати тоҷик бо ишора ба таърихи муштарак ва ҳамзабонии ду миллати фарҳангӣ таъкид кард, ки тоҷикон Эрон ва мардуми ин сарзамини бостониро ба хубӣ мешиносанд, аммо Тоҷикистон дар ин кишвар шинохти комил пайдо накардааст.
Вай ёдовар шуд, ки рӯзҳои аввали озими Теҳрон шудан ҳангоми суҳбат ақвоми мухталифи эронӣ ба ҳарфҳои мо диққат медоданд ва мепурсиданд, ки форсиро аз куҷо омӯхтӣ? Ин ҳолат маро водор намуд, ки давоми се соли охир аз тариқи мулоқоту боздид ва мусоҳибаву суханрониҳо дар маросимҳои фарҳангиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ то ҳадде кишвари биҳиштосои худро муаррифӣ карда тавонам.
Ӯ афзуд: “Ба мардуми эронӣ дар бораи сарзамини падари шеъри форсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бар пояи қаҳрамонҳои достонҳои “Шоҳнома” номгузорӣ гардидани тифлони тоҷик ва ё болои гаҳвораи ин тифлон ҷой доштани куллиёти Саъдиву Ҳофиз, ки унсурҳои ҳамон муштаракоти фарҳангиву ҳамзабониро фаро мегирад, тавзеҳ медодам”.
Мурури диду боздидҳо
13 августи соли 2020 зимни мулоқоти нахустини дабири аввали Сафорати Тоҷикистон М. Абдураҳмон бо муовини дабири кулли СҲИ Бичаклӣ аҳамияти ЭКО дар тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа матраҳ гардид.
10 декабри соли 2020 мулоқоти кордор бо раиси Бонки содироти Эрон Ҳамид Тоҷик сурат гирифт.
Моҳи декабри соли 2020 дабири аввал ҳамкорӣ байни Бурси Теҳрон ва Бурси Тоҷикистонро муҳим донист.
20 апрели соли 2021 М. Абдураҳмон бо дабири кулли Маҷмаи шаҳрдорони Осиё Гуштасб Музаффарӣ масъалаи мизбонии нишасти навбатии ин созмон дар Душанберо матраҳ намуд.
26 апрели соли 2021 дабири аввали Сафорат бо муовини вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон Сайид Алӣ Мусавӣ дидор намуд.
18 майи соли 2021 мулоқоти дабири аввали Сафорати Тоҷикистон Абдураҳмонов М.Х. бо Раиси ҳайати мудирия ва мудиромили Ширкати сармоягузориҳои хориҷии Эрон Ҳасан Абқарӣ
01 июни соли 2021 мулоқоти дабири аввал Абдураҳмонов М.Х. бо мудири кулли Созмони роҳдорӣ ва ҳамлу нақли роҳҳои Эрон Фарҳоди Солеҳиён
30 майи соли 2021 мулоқоти дабири аввали Сафорат Абдураҳмонов М.Х. бо сардори раёсати умури байналмилалии Парки технологии Пардис Ризо Аслонӣ
6 июли соли 2021 мулоқоти дабири аввали Сафорат бо мудири кулли дафтари ҳамкориҳои байналмилалии Гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Кохкӣ
17 июли соли 2021 ҷиҳати пайгирии иҷрои Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 8 июни соли 2021, мулоқоти кордори Сафорат бо Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии вилояти Гелони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳодӣ Тезҳуш.
01 ва 02 декабри соли 2021 ҷиҳати баррасии ҳалли мушкилот дар интиқол ва транзити маҳсулоти Тоҷикистон аз тариқи бандарҳои обии эронӣ дабири аввали Сафорат Абдураҳмонов М. Х. бо Раиси Созмони банодир ва дарёнавардӣ Алӣ Акбар Сафоӣ, муовини аввали Раиси Ширкати роҳи оҳан Ҳусейн Ашурӣ ва Раиси идораи шартномаҳои байналмилалии Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Эрон Ҷаъфар Ҷамилӣ мулоқот анҷом дод.
24 январи соли 2022 масъалаи тавсеаи парвозҳо бо муовини ҳавонавардӣ ва умури байналмилалии раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон Абулқосим Ҷалолӣ муҳокима гардид.
03 августи соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон дар дафтари марказии Палатаи савдо ва саноати Эрон нишасти "Фурсатҳои тиҷоратии Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар ин нишаст дар баробари роҳбарият ва намояндагони палатаҳои савдо ва саноат, гумрук, роҳбарону намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ҳузур доштанд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ филм дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
15 октябри соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон дар Палатаи савдо ва саноати Хуросони Разавӣ дар шаҳри Машҳад нишасти дуюми "Фурсатҳои тиҷоративу сармоягузории Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар ин нишаст дар баробари роҳбарият ва намояндагони Созмони тавсеаи тиҷорат, гумрук, палатаҳои савдо ва саноат, шаҳракҳои саноатӣ, инчунин роҳбарони бештар аз 70 ширкатҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ҳузур доштанд.
21 декабри соли 2022 Нишасти имкониятҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Машҳад бо иштироки намояндагони Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва беш аз 20 нафар тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик баргузор шуд.
30 январи соли 2022 мулоқоти дабири аввали Сафорат бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Созмони сармоягузорӣ ва кумакҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрон Абулфазл Кудеҳӣ баргузор гардид. Дар рафти суҳбат муносибатҳои байни ду кишвар, алалхусус ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон мавриди муҳокима қарор гирифт.
17 феврали соли 2022 сафари масъули бахши иқтисодии Сафорат ба вилояти Исфаҳони Эрон ҷиҳати ширкат дар ифтитоҳи Понздаҳумин намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳии дандонпизишкӣ ва шимиёӣ бо меҳварияти пешгирӣ ва муқобила бо бемории коронавирус ширкат намуда, аз намоишгоҳи мазкур боздид ба амал овард. Дар идомаи сафар аз шаҳраки саноатии Исфаҳон, алалхусус полоишгоҳ ва корхонаи истеҳсоли батарея (аккумулятор)-ҳои мошин боздид ба амал оварда шуд.
19 феврали соли 2022 мулоқот бо муовини якуми раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии вилояти Исфаҳони Эрон Баҳром Субҳонӣ мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар ин мулоқот мавзӯи иртиқои равобити тиҷорӣ ва бозаргониро баррасӣ карданд.
20 феврали соли 2022 мулоқот бо раиси Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати вилояти Исфаҳон Амирҳусайни Кумейлӣ бо ҳузури роҳбарони теъдоде аз корхонаҳои саноатии вилояти мазкур баргузор гадид. Дар мулоқот дар бораи Барномаи тавсеаи саноат дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар маълумот ироа гардид. Дар идомаи дидор ҷониби эронӣ барои оғози ҳамкорӣ дар заминаи саноат, маъдан ва тиҷорат бо ҷониби тоҷикистонӣ изҳори омодагӣ кард.
5 апрели соли 2022 мулоқоти масъули иқтисодии Сафорат дар Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон доир шуд. Дар мулоқот муовини Раиси утоқи мазкур Фарзоди Меҳронӣ, Раиси Комиссияи гардишгарӣ ва касбу корҳои вобаста Алиакбар Абдулмаликӣ, узви ҳайати раисаи Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон Алиризо Дарбонсонӣ, раиси бахши сармоягузорӣ доктор Ҳотамӣ ва дигарон ҳузур доштанд.
11 - 12 апрели соли 2022 мулоқотҳои масъули бахши иқтисодӣ дар палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Теҳрон ва Албурз сурат гирифт. Роҳбарияти палатаҳои савдо ва саноати мазкур барои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ибрози омодагӣ карданд.
13-17 ноябри соли 2022 Нишасти ҳаштуми Гурӯҳи коршиносони маъдани СҲИ дар Палатаи савдо ва саноати Исфаҳон доир шуд, ки дар он дабири аввали Сафорат ширкат кард. Дар рафти сафари мазкур намояндаи Сафорат ҳамчунин 15 ноябр дар ифтитоҳи расмии Ҳабдаҳумин намоишгоҳи тахассусии санг ва саноати вобаста ба он ширкат намуда, рӯзи 16 ноябр аз корхонаи коркард ва истеҳсоли сурб ва руҳи ширкати “Бомо” боздид ба амал овард. Дар ин нишаст соҳибкорони эронӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли санг ва бозомӯзии мутахассисони тоҷик изҳори омодагӣ карданд.
Иштирок ва суханронии дабири аввали Сафорат дар рӯйдоди "Дипломатияи Наврӯз ва ҳамсоягон", ки бо иштироки доираи васеи илму адаби кишвари иқомат 8 марти соли 2022 баргузор шуд. Зимни он эҳёи Наврӯз ва ойинҳои мардумӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид.
Иштирок ва суханронии котиби якуми Сафорат дар нишасти бузургдошти ҳаким Низомӣ дар Фарҳангистони ҳунари Эрон бо ҳузури масъулону мақомоти фарҳангӣ - ҳунарии Эрон, ройзанони фарҳангии сафоратхонаҳои хориҷии муқими Теҳрон, ҳунармандон ва асҳоби расона дар таърихи 14 марти 2022, ки зимни он комёбиҳои адабиётшиносии тоҷик дар таҳқиқ ва нашри осори Низомӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид.
Барқарории иртибототи тиҷорӣ бар пояи рӯйдодҳои намоишгоҳӣ бо кишвари Тоҷикистон, https://isfahanfair.ir/news/view-24972.aspx/
Иртиботи утоқҳои бозаргонӣ ва тавсеаи гардишгарӣ-мавзӯи ройзанӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон, https://parstoday.com/tg/news/iran-i81452/
Тавсеаи равобити утоқҳои бозаргонӣ ва гардишгарӣ-мавзӯи ройзанӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон, https://parstoday.com/tajiki/news/iran-i82830/
Дидори котиби якуми Сафорати Тоҷикистон бо муовини якуми утоқи бозаргонии Исфаҳон, https://parstoday.com/tg/news/tajikistan-i81502
Боздид аз шаҳраки саноатии Исфаҳон, https://parstoday.com/tg/news/iran-i81572
Барқарории парвози ҳафтагии Теҳрон-Душанбе ба тавсеаи гардишгарӣ кумак мекунад, https://otaghiranonline.ir/news/42067/
Гардишгарӣ ва сармоягузорӣ дар авлавияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон, https://parstoday.com/tg/news/tajikistan-i83728/
Ҳамкорӣ бо Утоқи бозаргонии Албурз: Идомаи густариши равобити Тоҷикистон бо Эрон, https://parstoday.com/tg/news/tajikistan-i84090
Дидори муҳандис Факур бо дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ва мудирони Донишгоҳи санъати нафт, https://parstoday.com/tg/news/iran-i85972
Tajik delegation in Iran to work on tourism ties https://irandaily.ir/News/321709.html/
Medifair 2022 inaugurated in Isfahan, https://irandaily.ir/News/320139.html/
Баррасии фурсатҳои тиҷорӣ ва сармоягузории Исфаҳон бо Тоҷикистон дар дидори дабири аввали Сафорати Тоҷикистон дар Эрон" https://www.eccim.com/News/4921/
Isfahan's trade, investment opportunities discussed with Tajik official https://irandaily.ir/News/320239.html/
Iran, Tajikistan discuss tourism cooperation https://irandaily.ir/News/320838.html/
Tajik diplomat says expansion of trade with Alborz Province on agenda https://irandaily.ir/News/320967.html/
Iran, Tajikistan discuss energy ties development, https://irandaily.ir/News/321716.html/
Tajikistan voices readiness to boost cooperation with Iran on health tourism https://iranpress.com/content/57235/,
Mediafair 2022 inaugurated in Isfahan, https://www.pressreader.com/iran/iran-daily/20220219/281608128867357/
Идомаи густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Эрон https://tajikpress.com/2022/04/13/
Tehran, Dushanbe expected to increase bilateral trade to €500 million https://en.otaghiranonline.ir/news/33157
Гардишгарӣ ва сармоягузорӣ дар авлавияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон, https://surush.net/tag/
Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо Эрон ва кишварҳои узви ЭКО дар бахши маъдан аст, https://parstoday.com/tg/news/iran-i94184, https://sputnik-tj.com/20221117/tojikiston-hamkori-eron-eko-bakhsh-madan-1052889798.html
Нишасти бо мавзуъи содироту воридот ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон, https://tajikpress.com/2022/10/17
1). 19-20 феврали 2022 боздид аз шаҳраки саноатии Исфаҳон, алалхусус полоишгоҳ, корхонаи истеҳсоли батарея (аккумулятор)-ҳои мошин ва Ширкати батареяи Бурно сурат гирифт.
Дар ин росто, дар ҳошияи сафари ҳайати вилояти Хатлони Тоҷикистон бо роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба устони Хуросони Разавии Эрон (15-18 майи 2023) дар таърихи 17 майи 2023 Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Эрон ва Нишасти дуюми Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вилоятҳои Хатлон ва Хуросони Разавӣ суханронӣ карда, роҳбарияти ширкатҳои тоҷикистонӣ фаъолият ва маҳсулоти истеҳсолии худро муаррифӣ карданд. Дар идомаи чорабинии мазкур нишасти В2В бо иштироки раисону шаҳру ноҳияҳо, палатаи савдо ва саноат, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва соҳибкорони вилояти Хатлон доир шуд, ки дар натиҷа ба маблағи наздики 50 млн доллари ИМА қарордодҳои ҳамкорӣ имзо шуд.
Ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо палатаҳои савдо ва саноати кишвари маҳалли иқомат масъули иқтисодии Сафорат як идда мулоқотҳо анҷом дод. Дар ин робита, 4 январи соли 2023 мулоқот бо дабири кулли Утоқи (палатаи) бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Форси Эрон Алӣ Авазпур ва 11 марти 2023 мулоқот бо раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Ҳурмузгони Эрон Муҳаммадризо Сафо доир шуд, ки дар рафти онҳо бо таваҷҷуҳ ба имконот ва зарфиятҳои мавҷуд дар бахшҳои энергетика, дармонӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар заминаҳои саноатӣ барои ҳамкорӣ эъломи омодагӣ гардид.
Инчунин дар таърихи 6 марти соли 2023 дар меҳмонхонаи "Шаҳр"-и Теҳрон Ҳамоиши байналмилалии тиҷоратии "БРИКС+" баргузор шуд, ки дар он намояндаи Сафорат иштирок ва суханронӣ кард. Дар чорабинии мазкур, ки бо ҳузури роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати беш аз 10 кишвари минтақа сурат гирифт, доир ба имкониятҳои сармоягузории кишвар, ба вижа дар соҳаи нассоҷӣ бо истифода аз зарфияти бунёди корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта маълумот ироа гардид. Ширкатҳои алоқаманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар қисмати В2В ба саволҳои худ посух гирифта, бештари онҳо барои роҳандозии тиҷорат ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ибрози омодагӣ карданд.
04 январи солт 2023 мулоқоти котиби якуми Сафорат Абдураҳмонов М.Х. бо муовини раиси вилояти Форс Муҳаммад Фаррухзода баргузор шуд. Дар мулоқот ҷониби эронӣ бо таъкид ба аҳаммияти муштаракоти фарҳангиву забонӣ байни кишварҳои форсизабон хостори иқдоми амалӣ дар ҳавзаи тақвияти равобити Эрон ва Тоҷикистон, ба вижа бо устони Форс шуд. Мизбон пешниҳоди баргузории Намоишгоҳи тавонмандиҳои устони Форс дар Тоҷикистон дар бахшҳои саноат, гардишгарӣ, маъдан, нафт, газ, петрохимия, об, кишоварзӣ, тибби суннатӣ, пизишкӣ ва таҷҳизоти дорусозиро пазируфт.
Дар поёни ин дидор муовини устондор ҳамчунин бо ишора ба зарфиятҳои содиротии устони Форс дар соҳаҳои мухталиф ба аҳамияти таҳияи феҳристи ниёзмандиҳои Тоҷикистон барои воридот таъкид ва ибрози умедворӣ кард, ки ин иқдомот бар тақвияти равобити ду кишвар беш аз гузашта асаргузор мебошад. Инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар салоҳи кор дониста шуд, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард.
Лозим ба зикр аст, ки зимни мулоқоти котиби якуми Сафорат Абдураҳмонов М.Х. бо Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Ҳурмузгони Эрон Муҳаммадризо Сафо дар таърихи 11 марти соли 2023 роҳандозии ҳамкорӣ байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва устони Ҳурмузгон муҳим дониста шуд. Қайд гардид, ки лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҳурмузгон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо омода мебошад. Дар ин замина Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҳурмузгон барои сафар ба Тоҷикистон даъват карда шуд.
26 июни соли 2023 дар дидор бо раиси Комиссияи умури байналмилалии Хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон Муҳаммадалии Муллоӣ мавзӯи баргузории Бизнес -Форуми Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе матраҳ гардид.
Матолиби муртабит:
- Бузургдошти ҳаким Низомӣ дар Эрон
- Ҳамкорӣ бо Утоқи бозаргонии Албурз: Идомаи густариши равобити Тоҷикистон бо Эрон
- Суханронӣ дар Радиои Фарҳанг
- Боздид аз корхонаи тавлиди мошинҳои сабукрав
- Пайванди ногусастании тору пӯди миллати Тоҷикистон ва Эрон бо китоб
- Дидори устондори марказии Эрон бо дабири аввали Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон
- 12-13 октябри соли 2021 боздид аз Намоишгоҳи санги Маҳаллот