Июл 04, 2023 12:00 Asia/Dushanbe
  • Сиёсату иқтисод-меҳвари машварати вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Ҷозеп Боррел

Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо Ҷозеп Боррел-намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умӯри сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ дидор ва дар мавриди тавсеаи ҳамкории байни ду тараф дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона табодули назар карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, таи ин дидор ду тараф дастури кори феълии равобити дуҷонибаро матраҳ ва дар хусӯси роҳҳои рушду тавсеаи ҳамкории байни Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона табодули назар карданд .
Амнияти минтақаӣ, вазъият дар Афғонистон, тероризм ва ифротгароӣ аз дигар мавзӯъоте ба шумор меравад, ки дар ҷараёни ин дидор мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Илова бар ин ду тараф таи ин дидор соири мавзӯъоти мавриди алоқаи ду тарафро баррасӣ карданд .







 

 

Барчасп