Июл 12, 2023 21:21 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Свердловски Русия
    Дидори раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Свердловски Русия

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Русия бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Пресса”, ба нақл аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар дидор бо ҳамтои русии худ, дар бораи рушди саноатӣ кӯҳӣ ва маъдан дар Суғд иттилоъ додааст.

Вай таъкид кардааст, ки дар вилояти Суғд саноати куҳӣ-металлургӣ ва саноати сабук рушд ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ фаъолият доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, имкониятҳо барои коркард ва истеҳсоли маъдан, пахта, меваю сабзавот, доруворӣ, техникаи маишӣ фаровон буда, соҳибкорони тоҷик омода ҳастанд, ки бо сармоягузорони рус ҳамкориро густариш диҳанд.

Евгений Куйвашев, губернатори вилояти Свердловск низ омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва омода намудани омӯзгорон барои мактабҳои русизабон изҳор намудааст.

 

Барчасп