Тоҷикистону Туркия тавофуқномаи ҳамкории дифоӣ имзо карданд
Вузарои дифои Тоҷикистон ва Туркия тавофуқнома дар заминаи ҳамкориҳои дифоӣ имзо карданд.
Ба гузориши “Форс”, Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва Яшар Гюлен, вазири дифои миллии Туркия тавофуқномаеро дар мавриди ҳамкории дифоӣ ва протоколи иҷрои кумаки молиро ба имзо расонданд.
Бар асоси гузориши расонаҳои Туркия, имзои ин санад дар ҳошияи шонздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии арсаи дифоии « IDEF 2023», ки 25 июл дар Туркия ба кори худ оғоз ва то 28 моҳи ҷорӣ идома дорад, сурат гирифт.
Бар асоси ин тавофуқнома, Тоҷикистон ва Туркия мутааҳҳид шуданд дар заминаи масоили дифоӣ ва табодули таҷрибиёт дар ҳавзаи ҳифозат аз марзҳову муқобила бо терроризм ҳамкорӣ кунанд.
Ин иқдом барои тақвияти амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ тарроҳӣ шудаву алоқаи мутақобили ду кишвар дар тавсеаи равобити шарикиро таъйид мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати дифои Тоҷикистон то кунун мушаххас накардааст, ки санади имзошуда шомили чӣ бандҳое аст.
«IDEF» яке аз 10 намоишгоҳи бузурги саноеи дифоӣ дар ҷаҳон ва яке аз муҳимтарин намоишгоҳҳои таслеҳотӣ дар Аврупо аст.
Намоишгоҳи «IDEF» фурсате барои ошноӣ бо фанноварӣ ва намунаҳои навини дифоӣ дар бахшҳои мухталифи муҷтамаи низомӣ – санъатӣ, охирин пешрафтҳои таҷҳизоти низомии пешбинишуда барои содирот ба бозори таслеҳоти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Бештар бихонед: