Август 05, 2023 19:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тадобири амниятӣ дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон

Раиси маркази таҳқиқоти роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, Тоҷикистон теъдоди посгоҳҳои марзӣ бо Афғонистонро ба беш аз 100 посгоҳ афзоиш додааст.

Ба гузориши ИРНА, Хайриддин Усмонзода гуфт, пас аз рӯи кори омадани Толибон дар Афғонистон ва афзоиши таҳдидот аз сӯи ин кишвар, Тоҷикистон кантроли марзҳоро тақвият карду теъдоди посгоҳҳоро ба беш аз 100 посгоҳ расондааст.

Раиси маркази таҳқиқоти роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба ҳамсоягӣ, ки бо ин кишвар дорем, ҳамкориҳои иқтисодиро мутаваққиф нахоҳем кард. Зеро ҳимояти Тоҷикистон аз мардуми Афғонистон дар дараҷаи аввал ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, бастагӣ дорад.

 

Барчасп