Тоҷикистон: Мавзеи мо дар қиболи ба расмият шинохтани Толибон тағйирнопазир аст
(last modified Sun, 06 Aug 2023 13:00:54 GMT )
Август 06, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон: Мавзеи мо дар қиболи ба расмият шинохтани Толибон тағйирнопазир аст

Раиси Маркази таҳқиқоти роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, мавзеи ин кишвар дар робита бо ба расмият шинохтани давлати Толибон тағйирнопазир аст.

Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат мекард, изҳордошт, пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистону афзоиши таҳдидҳо аз тарафи ин кишвар, Тоҷикистон кантроли марзҳои муштараки худро тақвият карда ва теъдоди посгоҳҳои марзиро ба беш аз 100 посгоҳ афзоиш додааст.

Вай бо ибрози нигаронӣ аз таҳдидоти амниятӣ аз тарафи Афғонистон, таъкид кард, мавзеи Тоҷикистон дар қибол ба расмият шинохтани Толибон ба унвони як давлат, тағйирнопазир аст.

Усмонзода таъкид кард, ки мавзеи ин кишвар дар қиболи Толибон тағйире накардааст ва равобити ин кишвар бо Афғонистон танҳо дар сатҳи иқтисодӣ по барҷо хоҳад буд, чун аз диди ӯ равобити иқтисодӣ бештар ба мардуми Афғонистон рабт дорад то ҳайати ҳокимаи он кишвар.

Ба гузориши «Independent» вай изҳор дошт, бо таваҷҷуҳ ба ҳамсоягӣ, ки бо ин кишвар дорем, ҳамкориҳои иқтисодиро мутаваққиф нахоҳем кард, зеро ҳимояти Тоҷикистон аз мардуми Афғонистон дар дараҷаи аввал ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бастагӣ дорад.