Август 06, 2023 19:14 Asia/Dushanbe
  • Заминларза Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро такон дод

Расонаҳои Осиёи Марказӣ эълом карданд, заминларзае бо қудрати ҳудӯди 5 дараҷаи риштер субҳи имрӯз (якшанбе) нуқоте аз Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро такон дод. Шаби гузашта низ зилзила Кобулро такон дода буд.

Ба нақл аз хабаргузории Садои афғон (Ово), маркази ин заминларза дар 49 километрии ҷануби ғарби шаҳраки Ҷурм дар вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон будааст. Маркази ларзанигории Амрико гуфтааст, ки ин заминларза соати 5:02 субҳи имрӯз рух додааст. Ин заминларза дар шуморе аз шаҳристонҳои дигари Бадахшону Тахори Афғонистон ва ҳамчунин бахшҳое аз Бадахшони Тоҷикистон низ эҳсос шудааст. Гузориш шудааст, ки Кобул, пойтахти Афғонистон низ такон хӯрдааст. Бо ин ҳол шаби гузашта, соати 8:35 дақиқаи шаб ҳам заминларзае бо қудрати 5.8 дараҷаи риштер дар умқи 207 километрии замин дар Ҷурми Бадахшон ба вуқуъ пайваст.

Ин заминларза Кобул, Ҷалолобод ва бахшҳое аз Қундӯзро низ такон дод. Токунӯн аз хисорати эҳтимолии заминларзаҳои дишабу субҳи имрӯз гузорише эълом нашудааст. Кумитаи ҳолатҳоми фавулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузориш дод, ки заминларзаи субҳи имрӯз, ки дар соати 5:32 дар Тоҷикистон рух дод, талафоти ҷонӣ ва тахрибӣ надоштааст.

Ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конӯни ин заминларза дар 290 километрии ҷануби шарқии шаҳри Душанбе, 115 километрии ҷануби ғарбии шаҳри Хоруғ, 80 километрии минтақаи Ишкошим воқеъ шудааст.

Шиддати ин заминларзаҳо дар маркази заминларза 5 дар Хоруғ 4 ва дар шаҳри Душанбе 3 дараҷа буд.

Ба гуфтаи Маркази поиши ларзанигорӣ ва пешбинии вазорати мавқеъиятҳои изтирории Узбекистон, ларзиш дар ин кишвар низ эҳсос шуд, дар манотиқи ҷанӯубии Узбекистон, қудрати он 4 риштер ва дар Тошканд 3 риштер буд.

Ба гузориши Pressa.tj, тайи рӯзи гузашта, ин сеюмин заминларзаи нисбатани шадид дар минтақа аст. Дар ҳамин ҳол, зилзилае вайронгари устони Шандунги Чинро ларзонд, 21 нафар захмӣ шуданд ва беш аз 120 сохтумон вайрон шуданд.

 

Барчасп